Тарбия кори аҳл аст

Тарбия кори аҳл аст

     Тарбия ин кори саҳл нест, балки кори аҳл аст. Тарбияи насли ҷавони муосир   вобаста ба замон талаботҳои худро дорад. Бинобарин дар назди ҳар як факултет Шӯрои кураторон таъсиси ёфтааст. Дар шӯрои кураторон асосан устодони соҳибтаҷриба, ки аз ҷониби кафедраҳо пешниҳод гардидаанд, ҷамъомада барои пешрафти кори тарбия андешаҳои худро пешниҳод менамоянд ва дар ҳамбастагӣ ин амали некро пеш мебаранд.

     Санаи 26 октябри соли ҷорӣ дар толори лексонии №7 ҷаласаи Шӯрои кураторони факултети тиббӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оиди тарбия ва фарҳанг Қурбонбекова П.Қ. иштирок доштанд. Муовини ректор оиди тарбия ва фарҳанг дар ҷаласа оиди тағйиру иловаҳо, ки дар сарбории таълим оиди соатҳои дарсҳои тарбиявӣ ва корҳои тарбиявии берун аздарсӣ ба миён омадаанд, сухан ронда, қайд намуданд, ки мунтазам бо Шӯрои кураторони донишгоҳ, факултет ва Шуъбаи тарбия ва фарҳанги донишгоҳ дар кори тарбия ҳамкорӣ намоянд. Мавзӯъҳои соатҳои дарсҳои пешниҳод гардидаро сари вақт иҷро намуда, оиди он ба   муовинати тарбия ва сомонаи донишгоҳ маълумот пешниҳод намоянд.

     Иштирокчиёни ҷаласа, ки аксарият устодони кафедраҳои назариявӣ ва клиникӣ буданд, оиди навбатдорӣ дар хобгоҳҳои донишгоҳ, риояи сару либоси тавсиявӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ дар ҷараёни дарс ва халалдор кардани он, бо мошинҳои шахсӣ ба дарс наомадан, ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми устодон ва ҳамсабақон суҳбати ошкоро гузарониданд. Раиси Шӯрои кураторони факултети тиббӣ ба ҳозирин оиди иҷроиши сари вақтии дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои берун аздарсӣ баромад карда, таъкид намуданд, ки кори тарбияро танҳо дар ҳамбастагӣ ба роҳ мондан мумкин аст.

 

 

Муҳаббатов Ҷ.Қ.Декани факултети тиббӣ      


05.11.2018     86