Танзим – баракати зиндагӣ

Танзим – баракати зиндагӣ
18.03. 2020 дар толори МТИИ “Фатматсия”бо занон - кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” мизи мудаввар дар мавзӯи “Танзим – баракати зиндагӣ” гузаронида шуд.
Раиси Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б. оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мухтасар чанд сухан гуфт. Қайд кард, ки қабули ин қонун саривақтӣ буда ба манфиати халқ равона шудааст ва зарур аст, ки ин қонун аз тарафи ҳар як шаҳрванди кишвар риоя карда шавад ва ҳар як фард фарҳанги сарфакорӣ ва танзимро дар худ дошта бошад.
Декани факултети фармасевтӣ Юлдашева У.П., муовини декани педиатрӣ Фузайлова М.С. фикрҳои худро оиди қонуни мазкур иброз намуданд ва қайд карданд, ки ин қонун пеш аз ҳама баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум, осон намудани рӯзгору зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардум равона карда шудааст.
Шӯрои бонувон

27.03.2020 258