Табибони ҷавон – зидди ифротгароӣ

Табибони ҷавон – зидди ифротгароӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон иброз дошта буданд, ки «Мо борҳо гуфтаем ва боз мегӯем, ки мақсади мо сохтани давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мо ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонро дар риояи суннатҳои дини Ислом заррае маҳдуд намекунем. Алҳамдуллилоҳ ҳамаи мо мусулмонем, фарзу суннатҳои Исломро то қадри ҳол медонем ва риоя мекунем. Анъанаҳои гузаштаи халқ, фарҳангу адаби ҳазорсолаи ниёгон дар алоқамандӣ бо суннатҳои Ислом густариш ёфтааст».

Яке аз маъруфтарин пешвои ҳаракати миллӣ озодхоҳӣ ва бузургони дини ҳиндуия Маҳатама Гандӣ, ки таъкид ба диндории амқии худ кардааст, дарарафаи ба дастории истиқлолияти Ҳиндустон гуфта буд: « Ман қасами вафодорӣ ба дини худ хурдаам. Ман ба марг ва барои вай ҳозирам. Аммо ин кори шахсии ман аст. Давлат ба ин ҳеҷ муносибате надорад. Давлат дар бораи некуаҳволии дунявии шумо, саломатии шумо, роҳву тароварии шумо, муносибатҳои хориҷӣ, асъор ва ғайраро ғамхорӣ мекунад, на дар мавриди дини ману шумо. Ин ташвиши шахсии ҳар шахс аст. Ё мисоли дигар нахуствазири Ҳиндустони соҳибистиқлол Ҷ. Неру секуляризмро чунин тавзеҳ дода буд: «Дар конститутсияи мо чунин навишта шудааст, ки Ҳиндустон давлати дунявӣ мебошад. Ин ба маънии бединият нест, балки фақат эҳтироми баробар ба ҳамаи динҳо ва имконияти якхела барои ҳамаи онҳое, киба ягон дин эътиқод доранд мебошад. Ислом дини ақлу дониш аст ва онро бояд ба таври ҳақиқат пай бурд. Исломро замоне   ҳифз карда метавонем, ки он ба воситаи ақл ва таълимоти ақлигароёна пайдо шудааст ва онро инсоният қабул кардааст ва ҳақиқати онро пай мебарад , вале натиҷаи бо қатлу ғорат ва баҳонаи ғасб намудани ин ё он сарзамин ва бо зурӣ онро ҷорӣ намудан натиҷаи ифротгароиро пайдо менамояд – бо чунин мазмуни маърӯза оғоз гардид семинарии илмӣ-амалии донишҷӯёни курси дуюми факултети тиббӣ дар толори хониши китобхонаи шаҳраки «Шифобахш».

Сардори Шуъбаи тарбияи донишгоҳ Абдураҳмонов З.В дар идомаи маърӯзаашон аз ваъи хатарҳои ҷаҳонишавӣ ва густариш ёфтани хатари ифротгароӣ маълумот дода воқеаи мудҳиши ҳамлаи тахрибкоронаи гурӯҳҳои террористии «ДИ» ба донишгоҳи шаҳри Кобул ёдоварӣ намуданд.

Дар охири кори семинар донишҷӯён аз хабари ҳалокати ҷавонон-донишҷӯёни донишгоҳи шаҳри Кобул дар ҳамлаҳои террористӣ андӯҳгин гардида ин амали ваҳшиёнаи террористонро хатари ҷиддӣ ба амнияти тамоми дунё маънидод намуданд.

Шуъбаи тарбия


05.11.2020 122