Таҷлили Рўзи забони давлатӣ

Таҷлили Рўзи забони давлатӣ
Ба ифтихори Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.10. соли 2019 дар толори хониши хобгоҳи №4 ва №7 бо донишҷўдухтарони курси 4 ва 5 вохўрӣ гузаронида шуд.
Раиси Шўрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б. худ оид ба қабул намудани қонуни забони давлатӣ – забони тоҷикӣ, вазъи ҳуқуқӣ пайдо намудани он, поку беолоиш нигоҳ доштани он, давраҳои ташаккулёбии забон, таърихи беш аз ҳазорсолаи он маърўза карданд.
Аъзои фаъоли Шўрои бонувон Бобоқулова Мафтуна аз факултети педиатрӣ дар бораи забони осори шевои Саъдиву Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ, забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Миршакару Турсунзода, Бозор Собиру Лоиқ Шералӣ, номдораш гардонидаанд, сухан кард.
Кодирова Маҳина аз факултети педиатрӣ дар баромади худ, оиди як қатор занони номдори тоҷик дар соҳаи адабиёт, сиёсат ва тиб маълумот дод.
Зокирова Дилдора аз факултети тиббӣ бахшида ба забони тоҷикӣ шеърҳо қироат карда, ҳамзамон бо иди касбии омўзгорон муаллимонро табрик намуд ва шеъри эҷодкардаи худро бахшида ба устод хонд.
Чорабинӣ хеле самимӣ ва пурмуҳтаво гузашт.
Шўрои бонувон

11.10.2019 212