Таҷлили “Рӯзи забон” дар сохторҳои донишгоҳ

Таҷлили “Рӯзи забон” дар сохторҳои донишгоҳ

Забони модарӣ барои ҳар як халқ чун таҷассумгари таърихи гузашта, нишондиҳандаи мероси гаронбаҳои маънавии ниёгон ба шумор меравад. Тоҷикон аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш барои рушди забони миллӣ, пайдо намудани мақоми волои он дар ҷомеаву давлатдорӣ кӯшиши зиёдеро ба харҷ додаанд. Забони давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ пазируфта шуда, моро водор месозад, ки   онро ҳифз намоему густариш диҳем ва барои рушди он ҳиссагузор бошем.

Ҳафтаи сипаришуда дар саросари кишвар рӯзи забони давлатӣ, рӯзе, ки ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст, ҷашн гирифта шуд. 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” - ро қабул кард. 5 октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни номбаргардида он ба амал даромад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", тағйирот даровард ва рӯзи 5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.09 с., № 699) эълон шудааст.

Ҳамин тавр, дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ ин ҷашн дар доираи Шуъбаву идора ва кафедраҳо бо ширкати олимони соҳаи забоншиносӣ, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҷашн гирифта шуд. Аз он ҷумла, дар деканати факултети тиббӣ, Маркази ташхисию табобатӣ, Маркази омодагии қаблӣ, Шӯрои бонувон, кафедраҳои (забони тоҷикӣ, бемориҳои дарунии №3, бемориҳои кӯдаконаи №1, асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ, психиатрия ва наркология, дерматовенерология, фанҳои ҷомеашиносӣ, тибби оилавии №2) миззи мудаввар, семинару конфронсҳо доир ба муҳиммияти забо ва волоияти он баргузор гардид.














06.10.2018     76