Таҷлили “Рӯзи президент дар МОҚ”

Таҷлили “Рӯзи президент дар МОҚ”

       

   Рӯзи 16-ноябр дар Маркази омодагии қаблӣ бахшида ба “Рӯзи Президент”, ки ба ҷашни воқеан таърихӣ ба кор даромадани агрегати якуми неругоҳи барқи обии Роғун рост омад, чорабинии васеи фарҳангӣ баргузор гашт. Дар ҷамъомад омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ н.и.т Фозилова М.З. ва Ҳамроева С.С. баромад карда доир ба аҳамияти таърихии иҷлосияи тақдирсози XVI-ум ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассалро пешкаши омӯзгорон ва шунавандагон гардонданд. Шунавандагон бо сурудҳои дилнишини худ хотири ҳозиринро шод гардонданд. Инчунин эссеҳои беҳтарин доир ба мавзуи “Мо пайравони Пешвои миллатем” ва “Иншооти бузурги аср” ба ҳайати комиссия пешниҳод карда шуд. Дар охир саволҳои викторина бо номи “Таърихдони беҳтарини Марказ” пешкаши шунавандагон гардонида шуд, ки дар рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешавад.

Маркази омодагии қаблӣ


21.11.2018     37