Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар кафедраи тибби оилавии №2

Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар кафедраи тибби оилавии №2

     21 ноябри соли 2018 дар кафедраи тибби оилавии №2-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино зери шиори «Тоҷикистон, парчамат поянда бод, ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!» маҳфил баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯёни бахшҳои 4-5 факултетҳои тиббӣ фаъолона иштирок намуданд. Таҳиягарони барнома ва баргузоркунандагони маҳфил донишҷӯёни гурӯҳи 31-и бахши 5-и факултети тиббӣ буданд. Маҳфил таҳти роҳбарии дотсенти кафедра, номзади илми тиб Мирзокалонова Моҳира Ҷалоловна оғоз намуданд. Сухани навбатиро ба донишҷӯ Ҳамидов Маҳмуд, ки дар бораи таърихи парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътиқод ва эҳтиром нисбати Ватан-модар, парчами миллӣ ва рамзҳои миллӣ маърӯза кард.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Бигзор парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд».

       Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли чоркунҷаро соҳиб аст ва аз се қисми амудӣ иборат аст: болоӣ – сурхранг, миёна – сафедранг ва поёнӣ – сабзранг. Таносуби байни васеъгии қисмҳо барбари 2:3:2 аст. Дар маркази парчам расми тоҷи тиллоранг ҷойгир аст, ки дар самти болоии он ҳафт ситораҳои панҷкунҷа ҷойгир шудааанд.

Кафедраи тибби оилавии №2

 


23.11.2018     43