Таҷлили рӯзи Конститутсия дар МОҚ

Таҷлили рӯзи Конститутсия дар МОҚ

      Дар Маркази омодагии қаблӣ рӯзи 2-ноябр бахшида ба 24-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи шунавандагон ва омӯзгорон ҷамъомад доир гардид. Дар чорабинии сиёсӣ, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Саидов А.С. иштирок ва баромад карда аз ҷумла қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 5 Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф шудааст ва зарурияти 3 маротиба ворид гаштани тайироту иловаҳоро ба Конститутсия фаҳмонда дод бояд ин китоби муқаддас китоби рӯимизии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бошад. Сипас як қатор шунавандагон бо сарварии муаллимаи фанни ҳуқуқ Ҳамроева Санавбар барномаи ҷолибе пешкаши ҳозирин гардонданд. Дар охир бахши саволу ҷавоб (викторина) доир ба таърихи Конститутсия, мазмуну муҳтавои он ва хусусиятҳои хоси он баргузор гардид, ки дар он шунавандагон: Бобоева Фотима, Тоҷибоев Шарифҷон, Носирзода Муҳаммад ва Давлатзода Амина фаъолона иштирок намуданд.

Маркази омодагии қаблӣ


03.11.2018     44