Таҷлили ҷашни Конститутсия дар кафедраи асабшиносӣ

Таҷлили ҷашни Конститутсия дар кафедраи асабшиносӣ

      Нахуст устодон ва донишҷӯёни курси 4-и гурӯҳҳои 6-10-ро ба ҷашни Конститутсия ассистенти кафедра мутасаддии тарбия Асоев М.М табрик гуфта, қайд намуд: «6-ноябри соли 1994 барои тамоми мардуми тоҷик яке аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистон қабул карда шуд ва боиси хурсандист, ки имрӯз мо 24 солагии ин рӯзи таърихиро ҷашн мегирем».

       Ҳамчунин ӯ гуфт, ки «Ба шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ халқи тоҷикро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ дар тамоми дунё шинохтаанд».

       Баъдан аз тарафи ординатори клиникии соли 2-юм Муродова Меҳрубон бахшида ба ҷашни мазкур маърӯза пешниҳод карда шуд.

Кафедраи асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ 


05.11.2018     43