Суҳбати муфид

Суҳбати муфид

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани тартиботи дохилидонишгоҳию дохилихобгоҳии донишҷӯён масъулини самти тарбия ҳамеша сӯҳбату вохӯриҳо ва рейду санҷишҳо доир менамоянд. Санаи 01.10.2020. дар хобгоҳи №5 аз тарафи мутахассиси Шуъбаи тарбия-Мирзои Саид ва муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи президенти таҳсилкунанда-Иргашева Ҷамила Закировна бо донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ баргузор гардид. Иргашева Ҷамила Закировна оид ба вазъи зисту зиндагонии донишҷӯён дар хобгоҳ сӯҳбат намуда, барои мушкилоти дар хобгоҳ ҷойдошта ба донишҷӯёну мудири хобгоҳ маслиҳату супоришҳо дод. Ҳамзамон, номбурда оиди «Рӯзи забон» ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ суханронӣ намуд.

Сипас, мутахассиси Шуъбаи тарбия Мирзои Саид оид ба дастурамали либосҳои тавсиявӣ, сари вақт ба дарсҳо ҳозир шудан, фосилаи иҷтимоиро риоя кардан, фарҳанги шаҳрдорӣ ва шаҳрнишиниро риоя кардан ва истифода бурдан аз китобхонаҳои шаҳрӣ, донишгоҳӣ ва хобгоҳӣ сӯҳбат намуд. Инчунин, дар бораи интихобот суханронӣ кард. Қайд намуд, ки ҳар як шаҳрванди бедордил бояд ба заҳмату ташабусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои мусбӣ диҳад. Интихобот нишонаи демократия аст. Ҷаноби Олӣ доимо ба мо-ҷавонон такя доранд ва ҳамеша дар ҳар пайёму вохӯриҳояшон ба ин нуқта ишора менамоянд. Ғамхориҳои беназири Президенти кишвар ҳаст, ки имрӯз шумо тибқи квотаи президентӣ дар МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» таҳсил карда истодаед. Донишҷӯён метавонанд дар хориҷи кишвар ҳам таҳсил намоянд. Пас шуморо лозим аст, ки дар интихоботи дарпешистода ширкат варзида, ба ҷониби номзади арзандаи худ овоз дода, ҳафт соли ояндаи худро бо овози худ созед. Дар интихобот бояд фосилаи иҷтимоиро риоя карда, бо ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳозир шавед. 

Шуъбаи тарбия


02.10.2020 224