Суҳбат-вохӯри бо донишҷӯён

Суҳбат-вохӯри бо донишҷӯён
Тибқи нақша-чорабиниҳо оид ба баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо дар хобгоҳҳои донишгоҳҳо оиди риояи реҷаи даромад, тозагии ҳуҷраҳои зист, гигиенаи шахсӣ, роҳравҳо, ҷойҳои истифодаи умумӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сирояии «Коронавирус» ва ВНМО 17 марти соли 2020 дар толори калони хобгоҳи №7 вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ директори Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим Парвина Мухторовна, Директори МД «Беморхонаи сироятии кӯдакона» дар ш.Душанбе Мунира Бабахаевна, муовини ректор оид ба тарбия Қурбонбекова П.Қ., Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Саидов И.С., комендантҳои хобгоҳҳои №4,6,7 ва беш 100 нафар донишҷӯён иштирок доштанд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби мутахасисон оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, оиди вазъи сироятёбӣ дар ҷаҳон маърузаи пурмухтаво пешниҳод карда шуд Дар охир саволу ҷавоб миёни донишҷӯён ва аҳли раёсат баргузор гардид, ки донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои возеҳу равшан гирифтанд.
Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён

27.03.2020 170