Суҳбат бо донишҷӯён

Суҳбат бо донишҷӯён
09 апрели соли 2020 дар толори хониши кафедраи тибби ҳарбии бинои нави шаҳраки «Шифобахш» ба донишҷӯёни гурӯҳҳои 40-45 курси 4 факултети тиббӣ ва гурӯҳҳои 1-2 факултети педиатрӣ оиди сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон аз он ҷумла ҳолати эпидемиологӣ дар мамлакатамон аз тарафи Раиси Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б. маълумот дода шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ, корҳои пешгирӣ ва чораҳои омодабошӣ амалӣ карда шуда истодаанд ва хушбахтона то ҳол ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Зиёда аз 7200 нафар шаҳрвандони мо, ки аз хориҷи дуру наздик омадаанд, ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шудаанд ва ҳар гуна гумонҳо оиди дар Тоҷикистон сабт шудани коронавирус бардурӯғ мебошад ва донишҷуёни МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун ёрдамчиёни духтурон дар байни омма корҳои фаҳмондадиҳии гигиенаи шахсӣ ва роҳҳои пешгирии ин вирусро бояд ба роҳ монанд. Чорабини бо иштироки фаъоли тамоми ширканткунандагон баргузор гардид.
Шӯрои бонувон

13.04.2020 294