Суҳбат бо донишҷӯдухтарони курси якуми факултети педиатрӣ

Дар толори хониши бинои нави кафедраи гистология бо донишҷӯдухтарони курси якуми факултети педиатрӣ вохӯрӣ гузаронида шуд. Оиди қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ, интихоби таъсиси ячейкаи ибтидоии Шӯрои духтарон, тарбияи маърифатӣ, илмӣ ва фарҳангии духтарон, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, сабабҳо ва усулҳои пешгирии шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ Раиси Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б. суханронӣ намуд. Духтарони фаъол номнавис гардиданд. Дар вохӯрӣ саволҳои зиёд ба миён омад, аз он ҷумла дар бораи ВНМО/СПИД, бемории коронавирус, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Шӯрои бонувон

18.03.2020 245