Солномаи Роғун

1931

        Моҳи март ба мавзеи НБО Роғун аввалин кашшофон, олимони шинохтаи соҳаи барқ Каменский ва Гандин омаданд ва ҷойи бунёди Нерӯгоҳи Роғунро муайян карданд. Минбаъд кори онҳоро мутахассисони ботаҷриба Семён Колежнюк ва Виктор Ненахов идома доданд.

1972

       10 июл оғози кор дар Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аст. Варақаи аввалини корро сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи умумииттифоқии «Гидроспетсстрой» Борис Петрович Соболев пур кард. Дар ин варақа, ҷуз ному насаби сардор, инчунин номи муовини ӯ В.С. Бахтин, маркшейдер О.Н. Лобзин, кафшерчӣ П.В. Якимова, ронанда А.А. Попов ва боз ному насаби ду нафар коргари маҳаллӣ-Анвар Давлатов (аз деҳаи Майдон) ва Мардон Гулов (аз деҳаи Сичароғ) сабт шуд. Ҳамин тавр, аввалин гурӯҳи корӣ аз миллатҳои гуногун мураттаб гардид.

 1976

      27 сентябр дар Сари Пулак гирдиҳамоӣ баргузор шуд, ки дар он Котиби аввали КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов суханронӣ карда, моҳияти қарори Анҷумани XXV-уми КПСС-ро роҷеъ ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» шарҳ дод.

         Ҳозиринро вазири барқ ва энергетикаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ П.С. Непорожний табрик гуфт ва оғози сохтмони НБО «Роғун»-ро фоли нек донист. Баъди гирдиҳамоӣ таркишҳои бунёдкорона садо дода, ҷаҳонро аз оғози сохтмони шаҳр ва нерӯгоҳи оянда пайғом дод.

 1977

Моҳи март дар Роғун ташкилоти ибтидоии комсомолӣ таъсис ёфт, ки он 20 нафар ҷавононро муттаҳид мекард.

 

1982

25 январ КМ ВЛКСМ сохтмони Роғунро сохтмони умумииттифоқии зарбдори комсомолӣ эълон кард.

 

1986

9 декабр аввалин маҳфили машваратии корхонаҳои ҳамҷавор дар доираи «Эстафетаи коргарӣ» барпо гардид. Дар оғози маҳфил котиби аввали КМ ПК Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов гуфт, ки шартҳои мусобиқаи сотсиалистии «Эстафетаи коргарӣ»-ро бояд бо моддаи «Парвариши кадрҳои инженерӣ» пурра кард.

         Байни бунёдкорони Роғун ва ҳама муассисаву корхонаҳое, ки ба Роғун мошину дастгоҳ ва лавозимот мефиристоданд, шартнома ба имзо расид. Ин маҳфили машваратӣ дар таърихи сохмони НБО Роғун саҳифаи тозае боз кард. Дар ин ҷаласа марҳилаҳои муҳими эъмори боргоҳи нур мушаххасан муқаррар шуданд, ки мувофиқи он: соли 1987-бастани маҷрои Вахш, соли 1989-ба кор андохтани агрегати якум, соли 1990-анҷом додани сохмони шаҳри Роғун ва соли 1993-пурра ба истифода додани неругоҳ ба нақша гирифта шуда буд.

 

1987

22 январ Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи ташкилии шаҳри Роғун қарор қабул кард.

 

22 апрел ҷаласаи аввалини Кумитаи ташкилӣ барпо гардид, ки дар он собиқ раиси ҳукумати шаҳри Норак Яҳёхон Мирфозилов раиси ин кумита интихоб шуд.

 

28 декабр дар таърихи сохтмони нерӯгоҳ нақш бастааст. Пеши маҷрои Вахш баста шуд ва об ба ҷониби нақби НБО-и Роғун равона гардид. Ба ин муносибат гирдиҳамоии пуршукӯҳе баргузор шуд, ки дар он бунёдкорон, роҳбарони ҳизбӣ, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои комсомолӣ, намояндагони ҳама муассисаву корхонаҳои ҳамҷавор иштирок доштанд.

         Дар гирдиҳамоӣ сардори идораи «РогунГЭСстрой» Н.Г. Савченков, сардори гурӯҳи бастакорон В.Т. Титов, сардори идораи тоҷикистонии «Союзгидроспетсстрой» В.М. Башмаков, сардори гурӯхӣ бетонрезон Ш. Одинаев, булдозерчӣ С. Пудинаев, бастакор С.Ф. Трасковский, ронандаи БелАЗ А. Ризоев ва дигарон ҳозиринро шодбош гуфтанд.

 1993

8 май дар Роғун ҳодисаи даҳшатангез рух дод. Сел пеши дарёи Вахшро бан карда, аз нақбҳо сар зад ва дарғоти пешбандро канда, ҳамаро ба коми бало кашид. Заҳмати беш аз 20-сола ба якборагӣ зери селовард монд. Ҳамаи нақбҳоро, ки самараи заҳмати чандинсола буд, қуму сангу лойқа корношоям гардониданд.

1994

Ҳукумати Русия бо Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо сохтмони Роғун шартнома баст, вале бо баҳонаи ноамнии диёр корро мавқуф гузошт. Сохтмон батадриҷ вайрон гашта, техникаву таҷҳизоташ аз кор баромад.

2002

29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимою иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Боздиди кории Пешвои миллат дар шаҳри Роғун аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомдодашуда дар сохтмони НБО Роғун оғоз гардид.

2004

16 октябр байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Русский алюминий» (Федератсияи Русия) созишнома ба имзо расид. Мутобиқи он, идомаи сохтмони НБО-и «Роғун»-ро бояд «Русский алюминий» ба уҳда мегирифт.

2005

26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обӣ ба шаҳри Роғун сафар карданд.

2007

31 август Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Русский алюминий» (Федератсияи Русия) ба имзо расид. Дар он зикр ёфта буд, ки Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмуддати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Русский алюминий» (Федератсияи Русия), ки 16-уми октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои базиммагирифта Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Русский алюминий», ба тариқи яктарафа бекор карда мешавад.

2008

         Ноиби президенти комиссияи байналмилаӣ роҷеъ ба сарбандҳои бузург, профессор Х. Абадҷиев (Булғористон) асосноксозии техникӣ-иқтисодии Маҷмааи гирдоэнергетикии Роғунро, ки аз тарафи ширкати «Lahmeer international» гузаронида шуда буд, пурра омӯхта, асосҳои техникию иқтисодии онро маъқул донист ва таъкид дошт, ки барои сарбанд садди сангу шағалӣ аз ҳама мувофиқтар аст.

30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ ба шаҳри Роғун ва қитъаҳои сохтмонӣ ташриф оварданд.

2009

28 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва суҳбат бо бинокорони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба мавзеи бунёди иншооти бузурги аср ташриф оварданд.

2010

5 январ Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон бобати ба бунёди НБО-и «Роғун» саҳм гузоштан нашр шуд.

2011

17 май бо иштироки коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, муаллифони лоиҳа, манфиатдорон, ҳаводорону мухолифини тарҳ, намояндагони созмонҳои таваҷҷуҳдоштаи байналмилалӣ, ташхисгарони ҷаҳонию созмонҳои ҷамъиятии дуру наздик дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон машварати нахустини корӣ доир гардид, ки натиҷаи фаъолияти ду гурӯҳи ташхисгарони байналмилалиро муҳокима ва натиҷаи бадастомадаро пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Андешаи ҳукуматҳои манфиатдор, ҷамъияту созмонҳои гуногун ва шахсиятҳои алоҳидаро ба инобат гирифта, барои муҳокимаи маъалаҳои пайдошуда муҳити солими баҳс ба вуҷуд оварданд.

2012

10 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Зимни он бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар Нерӯгоҳи Роғун шинос шуда, бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом доданд.

6 ноябр Машварати дуюми корӣ доир гардид, ки лоиҳаи ҳисоботи ташхисро дар бораи экология ва таъсири иҷтимоии тарҳ ба муҳокима гузоштанд. Инчунин, нақшаи лоиҳаи санҷиши муаллифӣ ва тайёрӣ барои санҷиши сифати техникӣ муҳокима карда шуд.

2013

11 феврал даври сеюми музокира баргузор гашта, масъалаи лоиҳаи ҳисоботи натиҷаи ташхис ва тадқиқоти геологӣ ба муҳокима гузошта шуд. Дар ин машварат инчунин масъалаи натиҷаҳои тадқиқоти сейсмологӣ, ҳақиқати воқеии амалӣ шудани нақшаи дарғотҳои дарёи Вахш,санҷишҳои геологии майдони сохтмон, вариантҳои гуногуни сатҳи дарғот, фоидаву зиёни шаклҳои гуногуни дарғотҳои пешниҳодгашта ва шаклҳои роҳандозии он вобаста ба маҳал муҳокима шуданд.

17 октябр Машвари чорум доир гашт, ки намакнокии сатҳи дарғот ва атрофи он, роҳҳои аз ҷиҳати техникӣ амалӣ кардани лоиҳа ва ҳисоботи роҳандозии обанбор аз лоиҳа то сифати техники бадастмеомада ва натиҷаи тахминии пайдошуда дар бораи роҳу усули кор дар иншооти зеризаминӣ, сифату моҳияти онҳо барои амалӣ шудани лоиҳа дар даври аввал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

2014

14 июл даври панҷуми машварат дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон доир гашта, масъалаҳои баҳсталаби техникӣ ва иқтисодии лоиҳа баҳогузорӣ карда шуданд ва лоиҳаи ҳисоботи натиҷаи ташхиси экологӣ ва иҷтимоӣ пешниҳод гардид.

         Дар музокираи ҷамъбастӣ, ғайр аз коршиносони Бонки Ҷаҳониву ташхисгарони байналмилалӣ, фиристодаи созмонҳои масъули байналмилалӣ ва намояндагони 46 ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳайати ҳукуматҳои шаш давлати манфиатдор (Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон) иштирок ва масъалагузорӣ карданж. Ғайр аз намояндаи Ӯзбекистон дигар ягон иштирокчии машварат андешаи мухолиф надошт.

         Дар рафти муҳокимаи натиҷаи ташхис маълум шуд, к ибо чунин сифату шаффофият ва мустақилияти комил бо фарогирии ҳама паҳлуҳои масъала бори нахуст чунин нишондодҳо ба даст омаданд. Хурдтарин масъалаи сохтмон ва таъсири он ба муҳит ва минтақа ба таври васеъ омӯхта ва баҳогузорӣ шудааст, ки хоҳишмандон аз натиҷаи он дар сайти Бонки Ҷаҳонӣ ошно шуда метавонанд.

2015

15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва суҳбат бо бинокорони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба мавзеи бунёди ин иншооти бузурги аст ташриф оварданд ва ба оғози фаъолияти Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ асос гузоштанд.

2016

1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» ҷаноби Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт.

         Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҷониби Тоҷикистон бо ширкати «Салини Импреҷило» дар соҳаи гидроэнергетика, хусусан, ҳамкорӣ дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун баррасӣ шуд.

1 июл дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Созишомаи усули ҳамкорӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»-и Италия (Salini Impregilo) баргузор гардид.

4 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз рафти иҷрои корҳои барқарорсозӣ дар Нерӯгоҳи барқи обӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

29 октябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барпо шуд.

2017

10 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати кунунии мавзеи банду басти маҷрои дарёи Вахш ва ҷараёни бунёди пешдарғоти болоӣ шинос шуд.

9 июн таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» баргузор гардид, ки дар он 10 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

20 июн намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ширкати рейтинги байналмилалии «Moody’s Investors Service» ва коршиносони ширкати «Oppenheimer» барои шинос шудан бо рафти корҳои сохтмонӣ ба НБО «Роғун» сафари корӣ анҷом доданд.

16 сентябр Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирон аз минтақаи зериобшавандаи НБО-и «Роғун» дар деҳаи Сайидони болои ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун муассисаи таълимии дорои 320 ҷойи нишаст ва дар деҳаи Ёли гармобаи ҷамоати деҳоти Қади об барои 320 нафар хонанда дар як баст мактабҳои замонавиро ба истифода дод.

29 сентябр муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» дидан намуд.

2018

31 январ Роҳбари ширкати «Салини импреҷило» («Salini Impregilo») Пиетро Салини баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони ВАО изҳор намуд, ки агрегати якуми НБО «Роғун» 16 ноябри соли 2018 ба кор дароварда мешавад.

15 март гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби зиёиёни кишвар дар шаҳри Роғун бо кормандони НБО-и «Роғун» мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

15 май Падамжа Ханделвал, роҳбари Ҳайати Хазинаи байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон НБО «Роғун»-ро иншооти хеле бузург ва стратегӣ арзёбӣ намуд.

12 июн меҳмонон аз Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Узбекистон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» аз наздик шинос шуданд.

14 июн таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» баргузор гардид.

26 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

26 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулони НБО «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун Машварати корӣ анҷом доданд.

 

Амонова С.Б.,  муаллимаи кафедраи «Фанҳои ҷомеашиносӣ»


08.11.2018 793