«Солимии ҷавонон-солимии миллат»

«Солимии ҷавонон-солимии миллат»
Ба иттиллои Шумо мерасонем, ки Шуъбаи кор бо ҷавонон бо мақсади пешгирии ҷавонон аз бемориҳои сироятӣ тибқи Нақша-чорабиниҳои худ ва иттифоқи донишҷуёни донишгоҳ санаи 30- уми ноябри соли 2019 соати 1200 бахшида ба рӯзи умуми ҷаҳонии «Мубориза бар зиддӣ ВНМО/БПНМ» дар боғи Аҳмади Дониш ва саҳни донишгоҳи омӯзгори бо шаҳрвандон ва донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ зери шиори «Солимии ҷавонон-солимии миллат» аксияи солимгардонию фаҳмондадиҳиро баргузор намуданд.
Дар доираи аксияи мазкур волонтиёрони Шуъбаи кор бо ҷавонон бо шаҳрвандон ва донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон сӯҳбату вохӯриҳо анҷом дода доир ба ин вабои аср ВНМО/БПНМ, сироятёби ва оқибатҳои он, инчунин роҳҳои пешгири аз сироятшави иттилоъ дода, ҳамчунин дастурамалҳои иттилооти оид ба ин вабои аср тақсим карда шуд, ки он ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум ё худ ҷавонон оиди ВНМО/БПНМ ва паст намудани сироятшавӣ роли муҳимро бозида тамоми табақаи ҷомеаро аз ин вабои аср ҳушдор менамояд.
Бояд қайд намуд, ки дар аксияи мазкур волонтиёрони Шуъбаи кор бо ҷавонон бо ҳамроҳии мудири Шуъба иштирок намуда, дар толори ғунҷоишаш 400 нафараи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доир ба бемориҳои сироятӣ ВНМО/БПНМ, сироятёби ва оқибатҳои он, конфронсияи таблиғотию фаҳмондадиҳи баргузор намуданд, ки аз тарафи ҷавонону донишҷӯён донишгоҳи болозикр хело хуб пазируфта шуд.
Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О.

«Солимии ҷавонон-солимии миллат»
«Солимии ҷавонон-солимии миллат»
«Солимии ҷавонон-солимии миллат»
«Солимии ҷавонон-солимии миллат»
«Солимии ҷавонон-солимии миллат»
«Солимии ҷавонон-солимии миллат»
03.12.2019 305