Шӯрои навбатии факултети тиббӣ

Шӯрои навбатии факултети тиббӣ

      Санаи 7 декабри соли ҷорӣ дар деканати факултети тиббӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои кураторони факултет гузаронида шуд. Дар ҷаласа саркураторон ва мутассадиҳои кафедраҳои марбути факултети тиббӣ иштирок доштанд.

       Мувофиқи нақшаи кории Шӯрои кураторони факултет дар ҷаласа Раиси Шӯрои кураторони факултет Бурҳонова З.У. баромад карда, қайд намуданд, ки донишҷӯёни факултети тиббӣ дар соли таҳсили 2018-2018 дар як қатор чорабиниҳои сатҳи давлатӣ, донишгоҳӣ ва берун аз он дошта иштирок намуданд.

       Аз ҷумла донишҷӯёни факултети тиббӣ дар чорабиниҳои варзишӣ марафон ва ниммарафони “Дави миллӣ” бахшида ба Рӯзи Пойтахт, Рӯзи Ҷавонон, ва чорабиниҳои фарҳангии театрикунонида бахшида Рӯзи табибон, ҷашни “Истиқлолият”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвози чемпионҳои дастаи футболи ҷавонон ва наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба ҷашни кушодашавии “НОБ”-и Роғун ва Рӯзи Президент, Рӯзи Парчам иштироки фаъолона доштанд. Хурсандиовар аст, ки донишҷӯёни мо иштирокчӣ ва ғолиби чорабиниҳои илмӣ низ мебошанд. Онҳо дар конференсияиҳои илмӣ-амалии донишгоҳӣ ва байналмиллалӣ иштирок менамоянд.

      Дар ҷаласа ахбороти кафедраҳои Физика ва информатика, Акушерӣ –гинекологӣ, Урология шунида шуд. Кафедраҳои ТАБД, Бемориҳои дарунии №2, Психиатрия дар ҷаласа иштирок надоштанд ва оиди фаъолияти худ ахборот надоданд.

Деканати факултети тиббӣ


11.12.2018     35