Сӯҳбати судманд бо донишҷӯён

Рӯзи 10-уми октябри соли 2019 дар толори хониши хобгоҳҳои №№4,7 кормандони Шуъбаи тарбия ва фарҳанг бо донишҷӯёни хобгоҳ дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм-вабои аср» ҷамъомад баргузор намуданд. Аввалан, сармутахассиси Шуъбаи тарбия ва фарҳанг Ҳафизов Темуралӣ Сафаралиевич оиди пайдоиш, ташаккул ва оқибатҳои нохуши терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ суханронӣ намуда, донишҷӯёнро аз кору кирдори чунин гурӯҳҳо огоҳ сохт. Ӯ қайд кард, ки терроризм ба дини мубини ислом ҳеҷ алоқа надорад. Террорист ватан, мазҳаб, дин ва хешу қавмият надорад. Террорист ба ҳеҷ кас раҳм намекунад.
Сипас, мутахассиси Шуъбаи тарбия ва фарҳанг Мирзои Саид оиди дасисаҳои гурӯҳҳои ифротӣ маълумот дод. Ӯ ба донишҷӯён аз худ кардани илму дониши муосирро тавсия дода, ба эшон аз даст надодани зиракии сиёсиро ҳушдод сохт. Ва таъкид кард, ки ба қадри сулҳу суботи имрӯзи кишвари азизамон бояд ҳар лаҳза расид.
Дар интиҳо, миёни донишҷӯёну кормандони шуъбаи тарбия ва фарҳанг дар мавзӯи болозикр саволу ҷавоб ва маслиҳату машваратҳо ба амал омад. Донишҷӯён ба устодон барои аз хобгоҳашон боздид намудан ва ташкил кардани чунин як ҷамъомади айни муддао изҳори миннатдорӣ баён сохтанд.
Шуъбаи тарбия ва фарҳанг
16.10.2019     52