Роғун - кохи нур

Роғун - кохи нур

        Дар санаи 8-уми ноябри соли 2018 дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 бахшида ба НБО Роғун конфронс таҳти унвони “Роғун-манбаи нур” баргузор гардид. Дар рафти конфронс аз тарафи донишҷӯёни гуруҳи 44, курси 5 оид ба мавзӯи зикршуда презентатсия бо истифода аз расмҳову гуфторҳо дар бораи аҳамияти байналмиллалӣ доштани ин НБО-и пуриқтидор намоиш дода шуд.   

        Дар охир муттасаддии гурӯҳ Давлатов С.Т  ояндаи Тоҷикистонро бо Роғун дурахшон  номида, қайд намуд, ки дар оянда мамлакати мо ҳамчун як пойгоҳи асосии тавлидкунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақа хоҳад буд. Инчунин, аз тарафи донишҷӯён дар бораи нақши Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун ташаббускори асосии сохтмони Роғун ба ҳисоб мераванд, сухан ронда шуд ва қайд карда шуд, ки натанҳо Роғун, балки тамоми Тоҷикистон имрӯзҳо бо талошу кушишҳои сарвари мамлакат рушд ёфта истодааст ва обод гардида истодааст.

        Илова бар ин, аз тарафи донишҷӯён оид ба Тоҷикистони азиз ва ободиву шукуфоии он шеърҳо қироат карда шуд.

Тоҷикистон баҳри ман аз деҳи ман сар мешавад.

Аз ҳарими дилбари гулпираҳан сар мешавад.

Аз суруди алламонанди Зарафшони азиз.

Аз китоби Туғрали ширинсухан сар мешавад.

************          *******************     ****************

Тоҷикистон сарзамини камзамин..

Ту саросар кӯҳсорӣ....

Ту саросар сангзорӣ...

Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз..

Ҳар куҷо рафтанд бо худ мушти хоке бурдаанд...

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2



15.11.2018     45