Роғун кохи нур аст

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад …      (Ҳофиз)

    Нерӯгоҳи барқи обии Роғун калонтарин нерӯгоҳ дар дарёи Вахш ҳисобида шудааст, ки аз тарафи институти «Средазгидропроект» дар шаҳри Тошканд тарҳрезӣ шуда, мувофиқи лоиҳа 6 агрегати ҳар кадомаш бо иқтидори 600 МВт иборат буда, ба 3600 МВт (зиёда аз 17 млрд кВт/с) баробар мебошад. Баландии он 335 метр ташкил медиҳад. 27 сентябри соли 1976 сохтмони он оғоз гардид ва бояд аз ҳисоби буҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ сохта мешуд. Трансформаторҳо ва чархаҳо дар Украина ва гидрогенераторҳо дар Свердловск сохта мешуданд. Ҳамагӣ дар ин лоиҳа 300 коргоҳи ҷумҳуриҳои шӯравӣ иштирок карданд. 27 декабри соли 1987 дар назди нақбҳои нотамоми сохтмонӣ маҷрои дарёи Вахшро бастанд. Соли 1993 баландии обанбор ба 40 м ва масофаи нақб ба 21 км расида бошад ҳам, дар натиҷаи офати табии 8 майи соли 1993 қисмати болоии сохтмон зери обхезӣ монда, нақбҳо ва толори мошинӣ қисман хароб шуд. Бинобар сабаби ҷанги шаҳрвандӣ сохтмони ин иншооти барои некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва минтақа муҳим бозмонд.

   Соли 2005 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федеретсияи Россия оид ба сохтмони НОБ Роғун шартнома ба имзо расида бошад ҳам, вале 4-декабри соли 2006 сарвазири ҳукумати Федератсияи Россия Д. Медведев таъкид намуд, ки сохтмони НОБ Роғун аз ҳисоби буҷети Федератсияи Россия ғайримақсаднок аст ва ӯ ба низоми тиҷоратӣ сохтани ин нерӯгоҳро пешниҳод кард. 29 августи соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаро бо Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федеретсияи Россия бекор карда, мақсад гузошт, ки ин нерӯгоҳро бо маблағҳои худ месозад. Бо ин мақсад Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи обии барқии Роғун» таъсис дода шуда, оинномаи он 15 апрели соли 2008 бо сармояи 116 млн сомонӣ тасдиқ гардид ва соли 2009 ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд. Зарурияти сохтмони ин иншооти бузурги асрро ба инобат гирифта, бо қарори ҳукумат аз 3 январи соли 2014 овардани масолеҳи сохтмониро ба ин иншоот аз андоз озод намуданд.

     24 июни соли 2014 сармояи оиномавии НОБ Роғун дар ҳаҷми 12 млрд сомонӣ муайян гардид.

   Мувофиқи маълумоти соли 2015 аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои НОБ Роғун қариб 860 млн сомонӣ ҷамъ оварда шуд. Бинобар сабаби аз минбарҳои баланди байналхалқӣ хавфнок шуморидани ин нерӯгоҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо хоҳиши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки умумиҷаҳонӣ тадқиқоти экспертии онро ташкил намуд, ки 70 нафар мутахассисони ҷаҳонӣ ширкат варзиданд. 1 сентябри соли 2014 ҳисоботи гурӯҳҳои экспертӣ дар матбуот, аз ҷумла дар рӯзномаи Народная газета зери унвони «Всемирный Банк: все о Рогуне» аз 15 феврали соли 2015 бо натиҷаи мусбӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад. Феврали соли 2015 барои идомаи сохтмон тендер эълон шуд. Дар байни 40 адад ширкатҳо ширкати итолиёвии Salini lmpregilo барои сохтмони обанбор ғолиб омад ва ҳоло аз 22 ҳазор нафар коргарони техникию муҳандисӣ 1569 нафарашонро коргарон ва мутахассисони ин ширкат ташкил медиҳанд, ки дар ду баст корҳои сохтмониро идома медиҳанд. Майдони сохтмони НБО Роғун ба майдони корзори нангу номус ва шаъну шарафи ҳар як фарди Тоҷикистон табдил ёфт.

    Агар то соли 2018 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ин иншооти моҳиятан таърихии хусусияти стратегӣ дошта 2 млрд ҷудо шуда бошад, танҳо барои соли 2018 маблағи иловагӣ махсусан, аз ҳисоби фурӯши сангҳои қиматбаҳо ва металҳои қимат дар ҳаҷми 749 сомонӣ ҷудо гардид.

   16 ноябри соли 2018 дар рӯзи Президент кушодашавии агрегати якуми НБО Роғун ба нақша гирифта шудааст. Кушодашавии арегати дуюми он апрели соли 2019 дар назар аст.

    Бо истифода аз ин иншооти муҳим яке аз ҳадафҳои асосии барномаи стратегии рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳалли худро ёфта, мардуми шарифи Тоҷикистонро зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшон нигарон аст.

Ба анҷом расонидани ин сохтмон натиҷаи ташаббусҳои созандаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад, ки маҳз дар фазои сулҳу дӯстӣ ва осудагию ҳадигарфаҳмӣ ба майдони шаъну шараф ва нангу номус табдил ёфт. Ин бахти бузург аз дӯстии мост, чуноне, ки гуфтаанд: «Одамон аз дӯсти ёбанд бахт» …

 

Фозилова М.З., н.и.т., дотсенти Маркази омодагии қаблӣ


13.11.2018 284