Роғун - иншооти сарнавиштсоз

Роғун - иншооти сарнавиштсоз

      Рӯзи 10-уми ноябри соли 2018 бахшида ба Рӯзи Президент ва ифтитоҳи НБО-и Роғун дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотӣ конференсияи илмиву назариявӣ таҳти унвони «Роғун иншооти сарнавиштсоз» бо иштироки мудири кафедра, ҳайати кафедра ва мудирони кафедраҳои биология, гистология, забони модарӣ, анатомия ва донишҷӯён конференсия баргузор гардид.

      Мудири кафедра, профессор Шерматов Д.С. меҳмонон ва аҳли толорро хайру маќдам гуфта конференсияро ифтитоҳ бахшида, доир ба ин сохтмони бузурги аср ва Рӯзи Президент маълумот доданд.

        Донишҷӯёни гурӯҳҳои кураторӣ Баротова Н, Ваҳобов М, Раҳимов М,   Мирзоева М, Шарифова М, Шарифова Б, Ҷаборова Б, Сангматзода Г, Саидзода Р. Маҳмадулозода З, дар баромади худ дар бораи ин лоиҳаи бузурги аср, ки таконбахшандаи иќтисодиёти Тоҷикистон аст ва чашми умеди пиру барно сӯи ӯст маърӯзаҳо карданд.

       Мудири кафедра дар охир тамоми иштирокчиёни конференсияро арзу сипос гуфта, баргузории конференсияи «Роғун иншооти сарнавиштсоз»-ро дар сатҳи баланд пазируфта, минатдории худро байён карданд.

Суҳроб Сафаров, устоди кафедра



15.11.2018     76