Роғун- иншооти бузурги аср

         

Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,

         К-имруз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.

Ҳақ ба ҷониби Лоҳутист: Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ як амали хайре, як кори неке, як ёдгоре аз худ боқӣ монад. Вақте ки шахс аз дунё мегузарад, ягон амали некаш ёди ӯро зинда мегардонад. Албатта, ҳамаи одамон мирандаанд, вале агар аз кас ягон амали хубе боқӣ монда бошад, ҳар боре ки ба он менигарӣ, беихтиёр захмати бепоёни ӯ номи он шахсро зиндаёд мегардонад, зеро бузургон гуфтаанд:

Шахсияти арзанда дар дунёи равшан аз худ се чизро боқӣ мегузорад:

1.     Садақаи ҷория – бунёди боғ.

2.     Илми кофӣ - яъне офаридани асаре.

3. Фарзанди солим ба дунё овардан, ки боиси ифтихору болидагист.

Агар инсон ягон амали номбаршударо иҷро накарда бошад, пас он шахс умр барабас гузаронд ва ранни бефоида бурд.

Имруз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти бузурги давлат Эмомалӣ Рахмонро дорад, ки як миллати бузургро рохбаладӣ мекунад. Имрӯз миллати тоҷик давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дорад. Имрӯз ин миллат муқаддасоти бузурги давлаташро эътироф мекунад. Имрӯз мардуми тоҷик ба бунёди иншоотҳои бузурги аср ба мисли  Неругоҳи Барқии Роғун машғул аст.

Эй ҳамватан, Роғуни худро бино кунем. 

Бошад китоби маънии барҷаста во кунем. 

То имтихони мо шавад аз буд ҳам қадим. 

Имрӯз кохии Роғуни дилҳо бино кунем.

Ҳар як нидои ин марди накуном бар дили ҳар як ватандор ору номус, виҷдону саховатмандӣ бедор кард. Тоҷикистони кӯчаки мо имрӯз иқтидори бино намудани чунин як иншооти бузургро пайдо карда наметавонист, агар пиру барно, марду зан, корхонаву муассисаҳо ва оилаҳои ҷудогона, ки узви ин миллати таърихан бузурганд, аз як гиребон сар бароварда ин иншоотро обод намудан доранд.

Ҳар ки Роғун мекунад бунёд, 

Хонаи хешро кунад обод. 

Ҳар як ватандор шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, кору фаъолият мекунанд, қарзи ватандорӣ адо карда истодааст. Дар бунёди ин иншооти бузург саҳм гузошта, саҳмияҳо харида маблағхо мегузаронанд. Имрӯзҳо модарони тоҷик кулчаи   ширмоли   худро   ба   коргарони   НБО-и   Роғун мефиристанд. Имрӯз ҳар як пиру барнои миллат бо кадом роҳе ки набошад, дастгири ободонии НБО-и Роғун аст. Имрӯз Роғун майдони захматҳои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоату мардонагӣ  ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Имрӯз ин миллати бузург шоҳсутуни маъбади бузурги меҳру муҳаббатро бино мекунанд. Имрӯз ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакунандаи як мафҳуми бузург гаштааст.

Имрӯзҳо барои мардуми тоҷик давраи исботи ору номус,    виҷдону  ҳимматбаландӣ,   исботи  тоҷдорӣ расидааст. Миллати ҳиммат баландро фурсати исботи ҳиммати баланд омадаст. Нахустин бор Президенти давлат   Эмомалии   Рахмон   ба   халқ бобати кӯмаку дастгирӣ баҳри сохтмони ин иншооти бузург муроҷиат кард, ки ин муроҷиати ӯ ба кули мардуми ин сарзамин қобили қабул гашта, ҳамагон онро хуб пазируфтанд, дастгирӣ намуда истодаанду ҳамагӣ ҷониб доранд. 

Хуфтаро бедор бинмуд бо сухан, 

Бо нидояш ҳамгиро халқи Ватан. 

Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби хираду идрок ва мехнатдусту пурғайрат аст. Он ҳамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург хамеша кӯшиш бар он медихад, ки ба касе дастнигару эхтиёҷманд набошад. Душвориву мамониаҳоро бо захмати бузурги худ паси сар намояд.

Дар ҷахон болу пари хеш кушодан омуз, 

Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

 Тоҷикони баору номус имрузҳо пайи ободии ватани азизанд. Имрӯзҳо бо ҷахди бузург бо иттиход санг бар болои санге ниҳода, Роғунро обод мекунанд, то ки ояндаи насли дигар дурахшон бошад. То модари тоҷик бо сарбаландӣ аз пайи рафъи мушкилиҳои рӯзгори хеш баосонӣ баромада тавонад. ТоТоҷикистони азиз дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду номдор бошад.

Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст, 

Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст. 

Чун миллатро сарвари фархунда накуст, 

Хамфикрӣ зи иттиход падид омадааст. 

Бедор бишуд хуфта зи ҳарфу суханаш, 

Сарҷамъ ҳама ба иттифоқи ватанаш. 

Имрӯз ҳама пиру ҷавон даст ба даст,

 Созандаи ноби Роғуни ҳамватан аст.

 

Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, нест тоҷике, ки ин сохтмонро дастгиру мададгор нагардида.

Имрӯз миллати тоҷик кохии нуру маърифати тоҷикистониёнро боқувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино карда истодаанд, ки Худованди мутаол ба ҳар яки ин мардуми барнодил азму субот ва қувваи бузург бахшида.

Хулоса, иншооти Роғун ҳам чун неругоҳи баркӣ –обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфахмӣ, эҳтироми миллат ва хамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саҳоватмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳам чун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро хувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашида.

 

Валиев Ш.Н.Омӯзгори кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ 


16.11.2018     172