Рӯзи Президент муборак бод!

Рӯзи Президент муборак бод!

Дар МТИИ “Фарматсия” бахшида ба Рӯзи Президент ҷаласа барпо шуд, ки дар он оид ба китобҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан рафта, арзишмандии онҳо қайд гардид.

Дар ҷаласа директори МТИИ “Фарматсия” Раҷабов Г.О. баромад намуда, изҳор дошт, ки “Дар саргаҳи таърихи ҳар як миллату халқият ва давлат шахсиятҳое меистанд, ки бо фитрату хислат, хулқу атвор, афкору андеша ва рафтору гуфтор ба дигарон намунаи ибрат буда, бо кору пайкори хеш дар миёни мардум ва ҷомеаи ҷаҳон низ соҳиби обрӯ ва эътибору эътимод мегарданд. Зикр шуд, ки баъд аз ҳазор сол сарнавишт барои миллати ранҷкашидаи тоҷик, ки аз ҷабри таърих ва тохтутози душманони аҷнабӣ ҳама дороиҳои худро аз даст дода, таҳти тасаллути дигарон умр ба сар мебурд, фарзанди фарзона ва дӯстдору ғамхор ато фармуд ва имрӯз бо эҳёи фарҳангу таърих, тамаддуни оламшумул ва рисолати созандагиву бунёдкорӣ тоҷиконро ба ҷаҳониён ошно намуд.

Шахсияте чун Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар байни сокинони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, дар миёни кишварҳои ҷаҳони мутамаддин мавқеъ ва манзалати хосро соҳиб гардидаанд. Қобил ба зикр аст, ки Сарвари тоҷикони ҷаҳон бо сиёсати окилонаву хирадмандона, икдому ташаббусхои созанда, истеъдоди давлатдориву суханварӣ ва афкору андешаи сулҳофару хайрхоҳона дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, миёни роҳбарони давлатҳо ва намояндагони қавму миллатҳои гуногун маҳбубият ва эҳтироми сазовор пайдо кардаанд.”

МТИИ “Фарматсия”


16.11.2020 74