Президент – роҳнамои миллат

Президент – роҳнамои миллат

Бояд тазаккур дод, ки 16- уми ноябри соли 1992 дар ш. Хуҷанд Иҷлосияи XVII-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.   



     Хотиррасон мекунем, ки 15-уми апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16-уми ноябр дар мамлакат ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад.

    Тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

   Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар н. Данғара дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1969 дар Корхонаи равғанкашии ш. Қурғонтеппа ба ҳайси барқчӣ шуруъ намудааст.

    Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизматӣ ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар савхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

ž    Соли 1982 факултаи иқтисоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

   ž Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи савхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дари мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.

ž    Аз соли 1987-1992 директори савхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

    16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид

ž    Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарвари Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомуш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад, аксарияти мутдақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ амалӣ созадар.

     ž 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

      6 ноябри соли 1999 дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба муҳлати 7 сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

    ž 6 ноябри соли 2006 ва 6 ноябри соли 2013 дар интихоботҳои озоду шафофи демократӣ бори сеюму чорум ба муҳлати 7 солӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

    Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон, тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

   Ин раванд инқилоби арзишманди таърихи буда, дар ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба сиёсати серҷабҳа ва бобарори Сарвари давлат иртиботи ногусастани дорад ва ба устувории рукунҳои давлатдорӣ мусоидат карда ненрӯҳои солиму пешбарандаро ба тарҳрезии фардои боз ҳам осудаю обод ҳидоят менамояд.


Кафедраи микробиология


15.11.2018 85