Президент – ҳомии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон

          Таърихи давлат ва ҳуқуқ шаклҳои гуногуни давлатдориро муайян карда, тарзи идоракунии президентиро, ки яке аз намудҳои асосии шакли ҷумҳуриявии идоракунӣ мебошад, хуб маънидод намудааст. Дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ шохаҳои ҳокимият, махсусан, ҳайати он аз ҷониби халқ ташаккул меёбад. Намоядангони ҳокимияти давлатӣ дар назди шаҳрвандони мамлакат масъулияти баробарро ба дӯши худ мегиранд. Президент аз номи халқ амал намуда, шохаҳои ҳокимият бошад, тарзе сохтор дода мешаванд, ки онҳо аз якдигар мустақил бошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, шакли идоракунии президентиро интихоб намуд.

            Қобили тазаккур аст, ки эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва инсон, риоя намудани онҳо дар давлатҳои мутамаддини муосир яке аз вазифаҳои муҳим ба шумор рафта, зарурати ҳалли онро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯши худ гирифтааст.

Чӣ тавре аз сарчашмаҳои илмӣ бармеояд, масъалаҳои ба танзим даровардани ҳуқуқҳои инсон ва риояи озодиҳои ӯ то аввали асри XXI танҳо ба салоҳияти дохилии давлат тааллуқ дошт. Бешубҳа, ҳуқуқу озодиҳои инсон мазмуни универсалӣ дошта, онҳо барои тамоми одамон паҳн гардида, дар дилхоҳ давлати дунё, новобаста аз он, ки аъзои ин ё он ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад, истифода бурда мешаванд.

Возеҳу рушан аст, ки ҳаҷм ва самаранокии татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аз як силсила омилҳо вобастагӣ доранд, ва, пеш аз ҳама, онҳо ба сатҳи инкишофи ҷомеа алоқамандии зич доранд. Бояд қайд намуд, ки яке аз талаботҳои ҳуқуқи байналхалқии муосир – ин принсипи эҳтиром намудани ҳуқуқи инсон мебошад. Дар ин маврид давлат уҳдадор мешавад, ки чунин ҳуқуқҳоро, новобаста аз мансубияти шаҳрванд ба миллати асосӣ ва ё қавми дигар, инчунин ҷамъияти динӣ ва касбаш кафолат дода, онҳоро риоя намояд.

Бо ҳамин мазмун дар Декларатсия ҳуқуқи башар ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон омадааст: «Ҳамаи одамон дар назди қонун баробар буда, ҳуқуқ доранд ва бе ягон тафовут аз ҳимояи қонун бархурдор бошанд. Тамоми инсонҳо барои ҳимояи худ аз ҳама гуна таъқиб ва ташвиқоти он, ки талаботи Декларатсияи мазкурро вайрон мекунад, ҳуқуқи баробар доранд».

Хотиррасон намудан ба маврид аст, ки муҳаққиқони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар асри XIX назарияи ҳуқуқҳои табии инсонро ба таври васеъ пазируфта буданд. Масалан, профессори Донишгоҳи Петербурги ҳамонвақта - Ф. Мартенс таъкид намуда буд, ки «ҳамаи давлатҳои мутамаддин, нисбати сокинон, бидуни шаҳрвандӣ ва мансубияти миллияшон, ҳуқуқҳои муайяни ба шахсияти инсон алоқамандро бояд эътироф намоянд».

Бояд таъкид сохт, ки зери мафҳуми «ҳуқуқҳои табиӣ»-и инсон, ҳуқуқи ӯ барои ҳаёт, озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ дар назар дошта шудааст. Мувофиқи ақидаи донишманди швейтсариягӣ - И. Блюнчли, ҳуқуқҳои табии инсон «… чӣ дар замони осоишта ва чӣ дар ҳолати ҷанг қобили эҳтиром аст». Бидуни шубҳа, нақши сохтори ҳокимияти судӣ дар ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрванд ва инсон, ки аз тарафи давлат ва мақомоти маҳаллӣ дар баъзе ҳолатҳо поймол карда мешаванд, хело назаррас мебошад.

Зиёда аз ин, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бисёр аз давлатҳои ҷаҳон бо ин масъала сару кор доранд. Чуноне ки дар боло қайд намудем, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосан аз ҷониби сохторҳои адлия таъмин карда мешавад. Вале дар ин самт нақши Президент, ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳалкунанда ба шумор меравад. Ҳанӯз ҳангоми ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданаш, Президент қавл медиҳад, ки Конститутсияро ҳифз хоҳад кард, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро эҳтиром намуда, ба халқи худ содиқона хизмат мекунад. Табиист, ки ӯ, ҳамчун сарвари давлат, баҳри иҷрои ин вазифаҳо ваколатҳои зиёд ва имкониятҳои васеъро дар даст дорад. Дар тобеияти бевоситаи Президент дастгоҳ ва ҷузъҳои махсуси сохторӣ қарор доранд, ки ба ӯ дар иҷрои чунин уҳдадории муҳими давлатӣ мусоидат менамоянд.

Дар моддаи 6-уми Конститутсияи Тоҷикистон омадааст: «… халқ баёнгари соҳибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, … аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гӯфтан доранд». Моддаи 14-уми он таъкид месозад, ки «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд».

Аз мавқеи таъмини қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бахусус, мавқеи конститутсионии Президентро қайд намудан зарур аст. Мувофиқи он, Президент дорои салоҳияти зарурии конститутсионӣ буда, ҳамчун рамз ва кафолатдори Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал мекунад.

Моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамояд, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арз, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».

Баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Президент ба низоми кулли сохтори давлатӣ такя менамояд. Вазифаи кафолатдори ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будан аз Президент тақозои нигоҳдории доимии фаъолияти босамари шохаҳои ҳокимият (бе дахолат намудан ба доираи салоҳияти онҳо) – қонунбарор, иҷроия ва судиро дорад.

Вобаста ба ин, қайд намудан зарур аст, ки агар Президент ба доираи салоҳияти шохаҳои ҳокимият дахолат накунад ҳам, аммо ӯ қонунгузорӣ менамояд, давлатро идора мекунад, баҳсҳоро дар сатҳи олӣ ҳал намуда, вазифаҳои назорати конститутсиониро амалӣ месозад. Президент, ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳангоми иҷрои ин ваколатҳои конститутсиониаш, аз ҳуқуқӣ ташаббуси қонунгузории худ истифода мебарад. Ӯ, инчунин, вобаста ба вазъи ҳуқуқии шахс ва табақҳои алоҳидаи аҳолӣ дар маҷмӯъ, ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои васеи шахсӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ фармонҳо мебарорад.

Дар баробари ин, ишора намудан ба маврид аст, ки ҳокимияти Президент бемаҳдуд нест ва он фақат дар доираи Конститутсия амалӣ мегардад. Бархе аз шаҳрвандон чунин меҳисобанд, ки ваколатҳои Президент оид ба ҳимояи озодиву ҳуқуқҳои онҳо бениҳоят васеъ мебошанд, вале ин тавр нест. Аз ин рӯ, шаҳрвандон ба унвонии Президент арзу шикоятҳои худро, масалан, бештар вобаста ба қарорҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, ҳукми судҳо, ирсол менамоянд. Вале Президент, дар асоси талаботи принсипи конститутсионии тақсими шохаҳои ҳокимият амал намуда, ҳуқуқи вазифаҳои онҳоро ба дӯш гирифтан надорад.

            Агар мушаххас карда гӯем, чорчӯбаи умумии ваколатҳои Президентро принсипи тақсими шохаҳои ҳокимият ва талаботи Конститутсия, ки мутобиқи он фармонҳо ва дастурҳои ӯ бояд ба Қонуни асосии давлат мухолифат накунанд, муайян менамоянд. Хулоса, ҳамаи ин гӯфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар давлати демократии ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ волоияти қонун барои тамоми шаҳрвандон, новобаста аз мақоми ишѓолкардаашон дар ҳокимияти сиёсӣ, дар мадди аввал меистад. Новобаста аз ин, шаҳрвандон бештар ба Президент, ҳамчун умеди охирон, аз он сабаб муроҷиат менамоянд, ки то ӯ ба нафарони масъалаи ба онҳо дахл доштаро дар доираи қонун ҳалу фасл кардан намехоҳанд, таъсир расонад.

Албатта, дар доираи як маърӯзаи начандон калон тамоми паҳлуҳои масъалаи мазкурро таҳлил намудан ѓайри имкон аст. Мо фақат ба он ҷанбаҳои мавзӯи баррасишуда, ки онҳоро дар доираи салоҳиятҳои конститутсионии худ фақат Президент метавонад ҳаллу фасл намояд, то ҳадди имкон рӯшанӣ андохтем.

Бидуни шубҳа, Президент ҳамчун ҳомӣ ва кафили риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд дар давлати соҳибихтиёру дунявии Тоҷикистон кору амали воқеӣ дорад. Зиёда аз 27 соли соҳибистиқлолӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи арбоби бузурги сиёсии ҷаҳони муосир, Асосгузори сулҳу ваҳдат дар кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳо, бахусус, дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои аъзои ҷомеаи муосири тоҷикон ба пешравиҳои назаррас ноил гаштааст. Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан ҷавонон, бояд ҳамеша кушиш ба харҷ диҳем, то ки дар гулгулшукуфии ватани азизамом ва такмили риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва инсон дар ҷумҳуриамон саҳмгузор бошем, зеро аз ин ояндаи ҳамаи мову шумо вобастагии амиқ дорад.

 

Кафедраи «Фанҳои ҷомеашиносӣ»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино         


16.11.2018     41