Пешвои мо- ифтихори мо!

Пешвои мо- ифтихори мо!

Дар МТИК Стоматология 21.09.20 ҷаласаи ғайринавбатӣ дар мавзӯи “Пешвои мо- ифтихори мо!» бо иштироки асситентони кафедраи   стоматологияи муолиҷавӣ, директори марказ н.и.т Одинаев И.С., сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Таибов С. ва донишҷӯёни бахши дуюм ва чоруми факултети стоматологӣ баргузор гардид.

Дар  ҷаласа донишҷӯи гуруҳи чорум, бахши дуюми факултети стоматологӣ Ҷалолзода Дилноза баромад намуда афзуд: -Боиси ифтихор аст, ки тавассути  корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон аз он шоми торике, ки ба вартаи ҳалокат наздик буд, баромад ва мо имрӯз чунин давлати обод ва зебо дорем. Зеро танҳо ӯ тавонист, дар рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷеаи кишвар мардуми парешону парокандаи  тоҷикро сарҷамъ орад. Дар он рӯзҳо мардум пароканда буду сарсон ва амнияту якпорчагии  миллати тоҷик дар хатар.  Бо ташаббус ва азму иродаи қавии ин марди ҷасуру диловар, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ки шоистаи таҳсин аст – Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон, мардуми парокандаи тоҷик боз сарҷамъ гардид.

Пӯшида нест, ки Пешвои миллат дар азми кардаашон устувор монда, тӯли 5 сол бо саркардагони гурӯҳи мухолифин 5 даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот гузаронида, оқибат ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гаштанд. Дар ин роҳи  басо душвор боварию муҳаббати мардум зарур буд, ки  Президенти кишвар  бо садоқат ва самимияти  беандозаи ватандӯстияшон ба он сазовор шуданд. Бунёд ёфтани нақбу пӯл ва роҳҳои нав,  ки рафтуомади мардуми кишварро осон намуда, ба ҳаёти ҳамарӯзаи мардум беҳбуд бахшидаанд, аз иқдомҳои дигари Сарвари давлат аст дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ.

Роҳбари марказ н.и.т. Одинаев И.С. дар анҷоми ҷаласа бо даъват ба зиракии сиёсӣ ва ҳушёрӣ, аз донишҷӯён хоҳиш намуд, ки дар интихоботи дар пешистода ба номзади арзанда овоз диҳанд.                           

Зуҳра Турсунова, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


2
1
22.09.2020 485