Пешвои миллат-бахтофари миллат

Пешвои миллат-бахтофари миллат

Намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толорҳои Китобхонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино»

Дар тараққӣ ва пешрафти ҳар як давлату миллати алоҳида шахсиятҳое буданд, ки дар дастовардҳои бузурги он миллату халқиятҳо нақши босазо ва калидӣ гузоштаанд. Хусусан, барои рушди кишварҳои тараққикардаи имрӯза низ замоне сарсупурдагоне буданд, ки саҳми бориз ва раҳнамоии худро доштанд. Барои мисол дар рушди Россия Пётри кабир, дар рушди ИМА падарони асосгузор – Ҷорҷ Вашингтон, Ҷеферсон, барои рушди Олмон Отофон Бисмарк, барои рушди Фаронса Наполеон, барои пешрафт ва озодиҳои халқи Ҳиндустон - Махатма Ганди, Ҷавоҳирлал Неҳру ва барои рушди имрӯзаи Ҷумҳурии халқии Хитой Ден Сяо Пин саҳми бузурге доштанд. Онҳо тавонистанд бо кӯшишу амалҳои наҷиби худ ва бо сарсупурдагияшон миллаташон ва давлаташонро аз ҳолати бӯҳронӣ ва ақибмондагӣ, аз зулму ситам раҳонанд ва онро ба дараҷаи пешрафту абарқудрат бирасонанд.

Дар таърихи халқи тоҷик низ чунин абармардоне буданд, ки барои дар ҷодаи таърих боқӣ мондани миллати мо саҳми худро гузоштаанд. Аз ҷумла, чунин нақшро дар гузашта амир Исмоили Сомонӣ дошт. Пас аз ҳазорсолаҳо, дар эҳёи нави миллати тоҷик чунин нақши барҷастаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозидаанд. Аз рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ то ба имрӯз Президенти кишвар ҳамеша кӯшиш бар он намуда истодаанд, ки давлатдории миллиро тақвият бахшанд, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам оваранд. Дар ин ҷода месазад, ки хизматҳои арзишманди Президенти кишварро зикр намоем. Пеш аз ҳама Эмомалӣ Раҳмон тавонистаанд, ки миллатро аз ҳолати нобуд шудан ва ба коми фано рафтан наҷот бахшанд. Расидан ба истиқрори сулҳ дар кишвар маҳз натиҷаи хиради воло ва ташаббусҳои сулҳофаринии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо кӯшиш ва талошҳои пайдарҳами Президенти кишвар Тоҷикистон аз бӯҳрони ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ раҳо ёфт ва тадриҷан, зина ба зина сӯи пешрафту тараққиёт аст. Дар фазои орому осуда ҳаёти шаҳрвандони кишвар рӯз аз рӯз рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва бо шукргузорӣ аз суботи мавҷуда шаҳрвандони кишвар баҳри зиндагии арзанда дар ҷомеа ва мустаҳкамии давлатдории миллиамон камари ҳиммат мебанданд.

Хизмати арзандаи дигаре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сомон расониданд, ин раҳоӣ бахшидани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Бо пеш гирифтан ва амалӣ намудани ин сиёсат Сарвари мамлакат тавонист, алоқаҳои миёни тоҷиконро боз ҳам қавитар ва мутамарказияти давлатдориямонро мустаҳкамтар созад. Имрӯз низ ин сиёсати босамар идомаи худро дорад ва Сарвари кишвар ҳарчи зудтар мекӯшанд, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оваранд. Кӯшишҳои Сарвари кишвар барои баромадан ба бандарҳои бузург бозгӯи ин гуфтаҳост. Дар умум Сарвари кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати пешгирифтаи худ бар он мекӯшанд, ки иқтисоди кишварамон боз ҳам рушди баланд дошта бошад ва Тоҷикистон ба қатори кишварҳои пешрафта ворид гардад.

Дар сиёсати хориҷии худ низ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои зиёдеро касб намуданд ва бо ташаббусҳои сатҳи байналхалқии он кас эътибору нуфузи кишвари азизамон афзуд. Дар ин замина метавон ташаббусҳои Сарвари давлатро оид ба эълони «Соли оби тоза» (2003), «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» (2005-2015), «Ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ва ғайраро зикр намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори онанд, то ҳар шаҳрванди кишвар худшиносу худогоҳ бошад ва дар ободии кишвари азизамон, ки хонаи умумии ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ ҳаст, саҳмгузор бошад. Дар умум бояд зикр кард, ки хизматҳои Президенти кишвар назди миллатамон хеле бузург аст ва моро зарур аст, ки ҳамеша қадрдонии онро намоем, ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем.

Ҳар як шаҳрванди кишвар, ҳам пиру ҳам барно, хусусан, кулли кормандон,ҳайати профессорону омузгорон ва донишҷуёни МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишварамонро ҳамаҷониба тарафдорӣ менамоянд.

КИТОБХОНАИ ДОНИШГОҲ


4
3
2
1
16.11.2020 128