Паёми Сарвари давлат мавриди омӯзиш қарор гирифт

Паёми Сарвари давлат мавриди омӯзиш қарор гирифт

Рӯзи 16 январ дар Маҷмааи нави таълимии воқеъ дар шаҳраки «Шифобахш» бо иштироки васеи устодон ва кормандони донишгоҳ ҷаласаи омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гашт.

Ҷаласаи мазкур бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар донишгоҳ доир карда шуд. Ҷаласаро муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия ва фарҳанг, н.и.т., дотсент П.Қ.Қурбонбекова ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, дар назди ҳозирин муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар донишгоҳ д.и.ф-м, профессор Д.С.Шерматов оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат, нуқтаҳои асосии дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз ба таври муфассал суханронӣ намуд. Дар баромади худ сардори шуъбаи таълими донишгоҳ, д.и.т. Н.М.Хоҷаева зикр намуд, зимни ироаи Паём Пешвои миллат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Аз ин хотир моро зарур аст, ки дар асоси нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳим нақшаҳои нави кору фаъолият тартиб дода, баҳри дар ҳаёт татбиқ намудани нишондодҳои Паёми Пешвои миллат аз тамоми имконияту воситьаҳои мавҷуда самаранок истифода барем.

«Ворисони Сино»


3
2
1
17.01.2019 337