Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - фишанги доимоамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа

Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - фишанги доимоамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа

Рӯзи 27.12.2018 дар кафедраи офталмологияи ДДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси панҷуми факултаҳои тиббӣ (гуруҳҳои 28-31), НТҶ (гурӯҳҳои 1-2), педиатрӣ (гурӯҳи 3) ҷамъомад таҳти шиори «Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-фишанги доимоамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа» баргузор гашт.

 Дар ҷамъомади мазкур мудири кафедра н.и.т, дотсент Маҳмадов Ш.Қ. маърўза намуд.

 Қайд карда шуд, ки Ҷаноби Олӣ, Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ, Президенти  Чумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар паёми худ навбатии худ рӯзи 26.12.2018 сол, самтҳои аслии рушду пешрафти Тоҷикистонро барои соли 2019 таъин намуд,  аз ҷумла, раисҷумхур дар ин паём мавзўиҳои муҳими зеринро қайд намуданд:

- ба кор андохтани агрегати яукми нерӯгоҳи баркӣӣ обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср.

- зиёда аз 150 хазор ҷойҳои кори нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз коҳиш ёфт.

Оиди соҳаи тандурустӣ бошад, Ҷаноби Олӣ қайд намуданд, ки «Мо бо солимии ҷомеа ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва хифзи ӣҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеъ ва таҳким бахшида исдодаем».

- дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба сохахои фарҳангу варзиш 17,3%, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимои ва ҳифзи иҷиимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зтёд мабла аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зтёд маблағ равона карда мешавад.

- аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисахои соҳахои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф ва  тандурустӣ, ба 15 фоиз  баланд бардошта шуд.

- дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншоотҳои соҳат тандурустӣ бунёд карада мешаванд.

Инчунин роҳбари давлат во вучуди ин пешравиҳо баъзе камбудиҳо аз ҷумла дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба мушоҳида мерасанд, кайд намуданд: «Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, холо ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва рхбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд. Аз арзу шикоятҳои сокинони мамлакат ба унвони Дастгохи иҷроияи Президент бармеояд, ки дар баъзе муассисаҳои тиббӣ хангоми расонидани кӯмаки тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб кардв мешаванд, ки ин хилофи конун мебошад».  

Мудири кафедра қайд намуд, ки аз тарафи мо кормандони тибб ҳеҷ гоҳ ба ин камбудиҳо роҳ дода нашавад. Ҳамавақт этика ва дентологияи табаби. Тарзи муошират бо беморон дар мадди аввал бояд қарор гирад. Оиди бартараф намудани эродҳои Сарвари давлат бо бояд ҳаматарафа кӯшиш намоем ва дар кори ҳамарӯзаи хеш ба ин камбудиҳо роҳ надиҳем. Инчунин ёрии  аввалин расонидан ба маризони чашм ҳангоми кори ҳамарӯза ва инчунин дар вақтҳои навбатдорӣ бояд адар сатҳи баоланд ва ройгон бошад. 

Дар ҳаёти ҷамъиятӣ сиёсӣ ва иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар Паём  ҳамчун чароғи фурузон ва фишанги доимоамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амали шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардоро тахрезӣ ва пешниҳод намудааст, кайд намуд мудири кафедра Махмадов Ш.Қ.

 

    Кафедраи офталмология



04.01.2019     116