Паёми Пешвои миллат – раҳнамои мо

Иштирок доштанд: мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С., профессор Аминов Ҳ.Ҷ., дотсентон Додхоев Ҷ.С, Қобилова Б.Ҳ, муаллимони калон Умаров Ҳ.У, Самиева Н.Ш., ассистентон Ҳотамова М.Н., Бадалова З.А., Бақоев Ф.С., Махмудова М.М. ва ординаторону интерна, инчунин донишҷӯёни бахши 4 ФТ (гурӯҳҳои №55.56,57,58) ва донишҷӯёни бахши 4 ФП (гурӯҳҳои 1,2).

26 - декабри соли равон, дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстосаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

Дар ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.      Дар паёми худ Президенти мӯҳтарам самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои ояндамуайян намуда, оид ба пешрафти соҳаҳи иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар ҳақиқат ҳам соли 2018 соли таърихӣ буд. 22 –юми марти соли ҷорӣ дар рӯзи байналмиллалии захираҳои об даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” бо иштироки Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Санаи 16 ноябри соли 2018 ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Устодони кафедра бо ҳамроҳии донишҷӯён ба воситаи оинаи нилгун паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Дар охир аз тарафи муаллимон ва донишҷӯён оиди ин паём баҳзу мунозира шуд, донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро оиди ин паём баён намуданд.

 

 Г.С. Мамадҷонова, мудири кафедра, н.и.т., досент

М.Н.Ҳотамова Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ, ассистент 

  

 


31.12.2018 118