Парчами Ватан ҳамеша парафшон бод!

Парчами Ватан ҳамеша парафшон бод!

Рӯзи 22-уми ноябр дар Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳраки “Шифобахш” бо донишҷӯдухтарони курси 5 ва 6-и факултети тиббӣ бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш гузаронида шуд.

Ҳоҷиева Г.Б. дар бораи Парчами поки парафшони Ватан ҳамчун нишони аввалини давлати мустақил, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ, давлати тоҷикони ориёӣ бо сари баланд муаррифӣ намудани халқу миллати тоҷик бо Парчами миллӣ дар мамлакатҳои дунё, фахр ва Ифтихори Парчам суханронӣ намуд. Парафшон бод Парчаму фарҳанги миллати тоҷик! Узви фаъоли Шӯрои бонувон Абдуллоева С. ақидаи худро дар бораи Рӯзи Парчами давлатӣ иброз намуд.

         Парчам!

         Чӣ вожаи муқаддас!

         Оре, зеботар аз рангинкамони самои Ватан!

         Илҳомбахши шоирон!

         Рӯҳбахши варзишгарон!

         Ифтихори хурду калон!

         Парчам! Парчам! Парчам!

         Оре, вирди забони ҳамагон!

         Муборак бод Рӯзи парчами миллӣ ба мардуми тоҷик!

 Шӯрои бонувон


22.11.2019 249