Одиназода кист: олим ё ифротии гузаро?

Сухан ҳам заҳр асту ҳам позаҳр, ҳам кушанда асту ҳам эҳёгар. Одами оқилу сухандон ҳамеша гули сари сабади маъракаву маҳфилҳо ва соҳиби иззату эҳтироми дигарон аст ва баракс ҳамагӣ як сухани беҷо касро шармандаву расво ва радди маъракаи мардум мегардонад. Беҳуда нагуфтаанд, ки

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад.

Одатан ҳар инсони солимақл пеш аз он,ки ҳарфе бигӯяд, аввал онро дар тарозуи ақл бармекашад, зарару зиён ва самару фоидаи сухани мегуфтаашро каме ҳам бошад, пешакӣ пайгирӣ менамояд ва баъд онро ба самъи дигарон мерасонад. Мутаассифона, дар зиндагӣ боз касоне ҳастанд, ки ҳар чизи ба даҳони бефаровезашон ростомададаро бе ягон шарму ибо мегӯянду оқибатҳои онро андеша намекунанд. Гуё онҳо бо афкори дигарон бозӣ кардан мехоҳанд. Ин қабил мардум на танҳо ба худ, балки ба атрофиён хавфу хатари ҷиддиро ба бор меоранд. Ҳамин аст, ки баъзе чунин ноқисулақлҳоро барои таъмини осоиштагии ҷомеа дар муассисаҳои махсус таҳти ҳимоят ва табобат қарор медиҳанд, то ки дигарон аз лафзи хунуку рафторҳои ноҷои онҳо осеб набинанд.

Давоми ду – се соли охир дар сомонаҳои интернетӣ исми Абдусалом Одиназода ном зоти «шариф» расонаӣ гаштааст, ки ҳар сари чанд вақт аз мавҷудияташ дарак дода, худро дар ҳар сурат- яке ҳамчун «олими бепуштупаноҳ», дигар бор мисоли «дӯстдори забону фарҳанг» ва ниҳоят вақтҳои охир ба сифати «ҳомии дину шариат» ба намоиш мегузорад.

Хуб, биёед бинем, ки ин Одиназода кист ва ӯ чӣ мехоҳад?

Абдусалом соли 1968 дар деҳаи Сурхи ноҳияи Исфара ба дунё омада, фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии шаҳри Новосибирски ФР мебошад. Баъди хатми донишгоҳ чанд муддат дар Пажуҳишгоҳи химияи биоорганикии шаҳри Новосибирк ба кори илмӣ машғул гашта, дар бахши кимиё рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Шуруъ аз соли 2000-ум аз хоки Руссия берун гашта, аввал чанд муддат дар ИМА, баъдтар дар Шведсия ва то соли 2015 дар Австралия ба қавли худаш ба корҳои илмӣ машғул гаштааст. Маҳсули фаъолияти «доманадори илмиаш» ҳамагӣ 24 мақола аст, ки ба чоп расонидааст. Ба қавли худи А.Одиназода ӯ аз 16 солагӣ берун аз хоки Тоҷикистон зиста, ҳеҷ вақт шаҳрвандии сарзамини аҷдодиашро надоштааст. Вале чӣ мегӯед, ки соли 2015 якбора дарди ватанхоҳии ӯ хуруҷ карду хоҳиши ба Тоҷикистон баргаштан ба сараш омад. Бори охир вақте ки ин орзу ӯро беқарор намуд, дар Австралия мезист ва дар як номае ба номи роҳбарияти собиқи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз 17 майи соли 2015 бо сӯзу алам ва дарду ҳасрати зиёд навишта буд:

«Абдусалом Одиназода ҳастам, пажуҳишгари соҳаи биофизика ва дигар соҳаҳои илмии наздик ба он, ба мисли биохимия, биологияи молекулавӣ, химияи физикӣ, биологияи сохторӣ ва ғайра. Банда солҳои тӯлониеро сари илм ва пажуҳиш дар кишварҳои ғарбӣ ва Руссия паси сар кардам. Айни ҳол қарор додам, ки ба Ватан баргардам. Ҳадафи ман дарёфти шуғле дар Донишгоҳи тиббӣ аст. Мувофиқи омори табақабандии донишгоҳҳо аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар минтақа яке аз болотаринҳост ва ман хеле дӯст медоштам, ки ба гурӯҳи коршиносони ин ниҳоди муътабар бипайвандам ва барои боз ҳам боло бурдани обрӯву мавқеи ин донишгоҳ саҳми кӯчаки худро гузорам».

Ана ҳамин тавр бо ваъдаҳои зиёди болохонадор ин «олими бетолеъ ва бепуштупаноҳ» моҳи октябри соли 2015 ба қабули ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино даромад. Ва кадом даргоҳи илмӣ шахсеро, ки дар муассисаҳои илмии давлатҳои тараққикардаи ғарб фаъолият намудааст, аз дар берун менамояд? Ӯро бо умедҳои зиёд ба сифати ходими калони илмии Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ, ки яке аз марказҳои бонуфузтарини илмиии соҳаи тандурустии кишвар ба ҳисоб меравад, ба кор қабул намуданд. Шароитҳои кори илмӣ фароҳам оварданд ва боз имконият доданд, ки дар кафедраи биохимия ба донишҷӯён таҷрибаи худро омӯзонад. Вале чӣ мегӯед, ки моҳҳо мегузашту на аз фаъолияти илмӣ ва на аз кори омӯзгории ин «фидоии илм» нишонае рӯ намезад. Одатан, олимони Донишгоҳи тиббӣ ҳар се моҳ пас аз натиҷаҳои фаъолияти хеш ба сохторҳои болоии муассиса маълумот пешниҳод менамояд. Одиназода бошад, тӯли шаш моҳе, ки дар ин даргоҳ «меҳмон» буд, аз олимии худ дараке надод. Вале ба зудӣ маълум гашт, ки ӯ гирифтори марази худхоҳӣ (эгоизм) будаасту, бо дигарон забон ёфтану аҳлона меҳнат намудан барояш мушкилиҳои зиёд доштааст. Ӯ корро як сӯ монда, аз пайи айбҷӯии дигарон мегашт. Ва ниҳоят аз мақомотҳои марбута хабар расид, ки Абдусалом Одиназода тартиботи будубоши шаҳрванди хориҷиро вайрон карда, ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон кору истиқомат дорад. Яъне дар ҳамон шабу рӯз ӯ шаҳрвандии ягон кишварро надошт ва шахсеро мемонд, ки аз як дар рондаву аз дигараш монда буд. Бо ҳамин сабаб моҳи марти соли 2016 ӯ аз кори донишгоҳ озод карда шуд.

Бо баҳонаи дуруст кардани асноди шаҳрвандиаш ӯ боз аз Тоҷикистон берун гашта, озими шаҳри Дубайи АМА гашт. Дар он ҷо ҳам ҷою макон наёфта, боз ба Австралия роҳ пеш гирифт. Одиназода, ки худ бехабар гирифтори бемории худхоҳӣ (эгоизм) гашта буд, пай бурд, ки дигар ҳамчун олиму омӯзгор ӯ худро ба касе муаррифӣ кардаву аз шуҳрати хеш ҷавлон зада наметавонад. Аз ин рӯ ба сиёсат рӯ овард ва худро ҳамчун яке аз ҳомиёни ҳаракати террористиву экстремистии ДОИШ ба намоиш гузошт. Тасаввур кунед: шахсе, ки як умр дар риштаи илмҳои дақиқ таҳсил дидаву дар кишварҳои ғарб фаъолият намудааст, якбора ба дину шариат рӯ овард. Бо мақсади мустаҳкамтар гаштани мавқеи ифротиаш олиами дунявӣ риши дароз монда, кепкаи аврупоиашро ба тоқӣ иваз намуд. Дар сомонаҳои интернетӣ мардуми тоҷику узбекро ба муттаҳидӣ ва халосӣ аз ғуломии русҳову пайвастан ба ҷиҳод даъват мекард. Бинед, шахсе, ки беш аз бист сол дар Руссия кору таҳсил намуда, аз ҳамон ҷо нону намак хӯрдааст, чӣ тавр якуякбора русбадбин мешаваду дигаронро дар ин роҳи хато ба сӯи худ кашидан мехоҳад? Инро ба ҷуз кӯрнамакӣ чизи дигаре унвон кардан мумкин аст? Ҳаргиз не!.

Одиназодаи бадбахт ҳамдиёрон ва хешу таборони худро низ орому осоишта дидан нахоста, онҳоро бо ақидаҳои ғаразолуди хеш аз роҳ бароварда бехонумон кардан мехоҳад. Дар як мусоҳибае, ки ба наздикӣ Абдусалом Одиназода ба сомонаи хориҷии «АYOM» додааст, ин олими дирӯзаи кимиё ва муқими аврупо мегӯяд: «Мафҳумоти имрӯзи ғарбиро ба монанди «ҷомеъаи шаҳрвандӣ дӯст надорам, чун тасвираи ҳаёт ва ҷомеъа дар мафкураи ман ҳарчӣ бештар исломист, алҳамдулиллоҳ мо мусалмонҳо ибораи «ҷамоъат»-ро истифода мебарем ва ба ҷамоъати даврони Паёмбар ва саҳобаҳо муқоиса мекунем, на ба «ҷомеъаҳои шаҳрвандӣ»-и урупоиҳо». Акнун пай бурдед, ки аз пушти як вожаи оддии «ҷомеа», ки имрӯз истилоҳи маъмулии тоҷикон аст, «олими ҳамадон» ҷи қадар нафрату бадбинии хешро ба дигарон намоиш медиҳад, ҳол он ки ҳам «ҷомеъа » ва ҳам «ҷамоъат» аз як решаи вожаи арабӣ сарчашма гирифта, мазмуни якхеларо ифода мекунанд.

Дар ҳамин мусоҳиба, ки таҳти сарлавҳаи «Профессор Одиназода: Файзинисо Воҳидова бо истифода аз заҳр кушта шудааст», ба нашр расид, сабабҳои марги адвокати шинохта Файзинисо Воҳидоваро бо табъу хоҳиши ифлоси худ шарҳ дода, мақомотҳои расмии Тоҷикистонро бо ин айбдор карданӣ мешавад. Аввалан, Одиназода на профессор асту на доктори илм, чуноне ки ӯро муаррифӣ намудаанд. Баъдан, ба тамоми аҳли ҷомеаи Тоҷикистон маълум аст, ки шодравон Файзинисо Воҳидова солҳои охир аз дарди музмини Гепатити В ранҷ мекашид ва ӯ дар иҳотаи наздикону пайвандонаш муддатҳои дароз табобат гирифта, оқибат бо ҳукми тақдир ба ҳақ пайваст. Одиназода бошад, аз ҳукми илоҳӣ дар ин маврид рӯ гардонида, онро ба тарзи худ маънидод карданӣ мешавад ва оид ба таъсири заҳрҳои гуногуни одамкуш варсоқӣ хонданӣ шуда менависад: «Заҳрҳои одамкуш албатта пуршуморанд аммо заҳрҳое, ки хадамоти ҷосусӣ ба кор мебаранд, ҳамагӣ якчандто ҳастанд ва ритсин яке аз онҳост. Истеҳсолаш осон аст ва куштани душман боз осонтар».

Аз ин гуфтаҳои ӯ ба хулосае омадан мумкин аст, ки Одиназода на олими химик, балки корманди кадом хадамоти ҷосусӣ аст, ки оид ба усулҳои куштани одам бо заҳрҳои химиявӣ фаъолият мебарад ва куштани инсон ҳам барои ӯ ҳеҷ мушкилие надорад.

Зимнан, Абдусалом Одиназода ҳамчун шахси ифротиву ҷинояткор алҳол аз тарафи мақомотҳои қудратии Тоҷикистон ва интерпол таҳти кофтукоб қарор дорад. Зуҳури ӯ дар Австралия ва даъватҳояш ба ҷиҳод мардуми ин кишварро низ ба ташвиши ҷиддӣ овардааст. Он рӯз дур нест, ки ин ба ном олими роҳгумзада ва шахси иғвогару моҷароҷӯ барои ҳамаи кирдорҳояш дар назди қонун ҷавоб хоҳад дод.

Умаралӣ Раҷабов,

Мудири кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносии    ДДТТ

ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илмҳои химия, профессор.


11.01.2019     147