«Нигоҳи нав» ва дастовардҳои соли куҳан

«Нигоҳи нав»  ва дастовардҳои  соли куҳан

      27-уми декабр як гурӯҳ донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо роҳбарии мудири кафедраи ҳимияи заҳршиносӣ Раҷабов У.Р., муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У.,мутахассиси шуъбаи тарбия ва фарҳанг Бегиҷонов Н.Қ. ва устодони кафедраҳои химияи заҳршиносӣ, биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика, ҷомеашиносӣ дар сабти барномаи солинавии «Нигоҳи нав» дар ТВ «Сафина» иштирок доштанд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони Вазорати фарҳанги ҶТ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ иштирок доштанд. Дар барнома мавзӯи дастовардҳои соли 2018 пеш гузошта шуда буд. Барномаро суруду таронаҳои донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рангин намуд.

Ҷ.Қ. Муҳаббатов, декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор


02.01.2019     53