НБО-и Роғун ояндаи дурахшони миллати тоҷик

НБО-и Роғун ояндаи дурахшони миллати тоҷик

        Шоми 12 ноябри соли 2018, дар толори хониши хобгоҳҳои № 4 ва 7 вохӯри бо истиқоматкунандагони хобгоҳҳо дар мавзӯи «НБО-и Роғун ояндаи дурахшони миллати тоҷик» баргузор карда шуд. Дар вохӯри раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Саидов И.С., омӯзгорони кафедраи анатомияи одам ба номи Я.А. Раҳимов ва забони лотинӣ Давлатов И.А., Ҳомидова С.Н., коменданти хобгоҳи №4 Ҳасанзода С.Ҷ., ва беш аз 200 нафар донишҷӯён иштирок доштанд. Дар ин ҷамъомад донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ Абилӣ Афзалшоҳ бо маърузаи пурмуҳтаво роҷеъ ба мавзӯи зикргардида дар назди ҳозирин баромад намуда, қайд кард, ки имрӯз мавзӯи бунёди кохи нури Тоҷикистон ба шиори рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳимми диёр таваҷҷӯҳи хоса дорад. Халқ зарурияти НБО-и Роғунро хуб дарк намуда, ҳамраъйии худро нисбати Ҳукумат бо ҳамовозии амиқ нишод дод. Халқи бузурги тоҷик ба қофияи нури маънӣ радифи нури барқро зам намуда, ғазали сабти рӯшноиро ба ҷаридаи олам эҳдо хоҳанд кард.


      Маърузаро раиси КИКД шарҳи пурра дода, донишҷӯёнро ба ҳиси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтироми устодону калонсолон даъват намуд.

 

Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён 


16.11.2018 244