НБО - и Роғун - меваи боғи истиқлолият

НБО - и Роғун - меваи боғи истиқлолият

      Барои таҷлили сазовори ифтитоҳи агрегати якуми неругоҳи барқии обии “Роғун”, ки 16 ноябри соли ҷорӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби олӣ Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон сурат мегирад яъне тугмачаи рамзӣ пахш карда мешавад дар кафедраи ҷарроҳии кӯдакон як қатор нақша чорабиниҳои зерин гузаронида шуд. Аз тарафи ҳар як устод 10 - 15 дақиқа дар ҳамаи машғулиятҳо ба мавзӯи “НБО - и Роғун - меваи боғи истиқлолият” гузаронида шуд, шиору овезаҳо дар клиникаи ҷарроҳии кӯдакон насб гардид. Машғулиятҳои ташфиқию тарбиявӣ бо иштироки кормандони кафедраи ҷарроҳии кӯдакон ва донишҷуёни курси 5 - уми факултети тиббӣ, гӯруҳҳои 18, 19, 20, 21, 22 ва курси 4, 5 - уми факултети педиатрӣ доир гашт.

          Вохӯрии ташфиқию тарғиботи бо истиқоматкунандагони хобгоҳҳои № 2, 4, аз тарафи ассистети кафедра Шерназаров И.Б., ва Раҳмонов Ш.Ҷ. гузаронида шуд.

          Ҳангоми гузарониданги суҳбатҳо нисбати самтҳои дар боло зикр гардида, донишҷуён фаъолона иштирок намуданд.

 

Султонов Ш.Р., мудири кафедра, д.и.т., профессор  


15.11.2018     36