Навбатдорӣ дар хобгоҳ

Навбатдорӣ дар хобгоҳ

     27-уми ноябри соли 2018 аз ҷониби кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона - Ашӯрова Н.П. - ассистенти тарбиявӣ, Ҳомитова М.А. – ассистенти таълимӣ, Астанақулов С. Р. – ассистент оид ба хоҷагидории кафедра, Абдумаҷидов А.А. - муаллими коромӯз ва Муродов Ғ.З. - ординатори клиникӣ дар хобгоҳи №4- и донишгоҳ дар мавзӯҳои: «НБО-и Роғун - иншооти аср», «Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Терроризм ва эктремизм» ва доир ба риоя намудани қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва талабот аз тарафи маъмурияти донишгоҳ оиди сару либос дарси тарбиявӣ гузаронида шуд. Дар воҳӯрӣ оид ба оғози кори НБО Роғун ва аҳамияти он барои ҷумҳурӣ ва минтақа андешаронӣ сурат гирифта, масъалаи экстремизм ва терроризм мавриди танқид қарор гирифта, маҳкум карда шуд.


    Бояд гуфт, ки дар маҳфили мазкур зиёда аз 70 нафар донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, иштирок намуданд. Дар охир баъди гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, кормандони кафедра бо шароити зисти донишҷӯён дар утоқҳои хобгоҳ шинос гардида, ба донишҷӯён барои боз ҳам хубтар гузаронидани ҷамъомадҳо оиди мавзӯҳое, ки ба онҳо бисёртар лозим аст ва инчунин барои хуб ва дуруст истифода бурдани таҷҳизотҳо, ботартиб ва тоза нигоҳ доштани утоқҳо дар хобгоҳ тавсияҳо доданд.


 

                                              Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


28.11.2018     39