Навбатдорӣ дар хобгоҳ

Навбатдорӣ дар хобгоҳ

        Мувофиқи нақшаи навбатдории дар хобгоҳҳо тасдиқнамудаи ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ рӯзи 23-уми октябр аз тарафи кормандони кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона (Ашӯрова Н.П. – мутасаддӣ оид ба тарбия, Ҳомитова М.А. – ассистенти таълимӣ, Астанакулов С. Р. - мутасаддӣ оид ба хоҷагидорӣ, Шабнами Сайдхоҷа, Абдумаҷидов А.А. - муаллими коромӯз ва Фарҳодзода А.А., Муродов Ғ.З. - ординаторҳои клиникии кафедра) дар хобгоҳи №4 дар мавзӯҳои: «Риоя намудани қоидаҳои худидоракунӣ дар ҷойҳои ҷамъиятї ва дар хобгоҳ», «Риоя намудани қоидаҳои беҳдошт» ва «Талабот аз тарафи маъмурияти Донишгоҳ оид ба сару либос» дарси тарбиявии кушод гузаронида шуд.
          Ба вохӯрии мазкур донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат менамуданд, љалб гардиданд.
         Ҳамчунин кормандони кафедра бо шароити зисти донишҷӯён аз наздик шинос шуда, аз утоқи хоби онҳо дидан намуданд. Дар охир ба донишҷӯён барои хуб ва дуруст истифода бурдани таҷҳизотҳо, дуруст ва тоза нигоҳ доштани утоқҳои хобгоҳ тавсияҳо дода шуд. 





Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


24.10.2018     63