Наҷоти кӯдак аз сӯхтор.

Наҷоти кӯдак аз сӯхтор.
Муродова Фируза Саидбековна муаллими коромӯзи кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона Муассисаи Давлатии Таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Точикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва хамкор дар Муассисаи Давлатии “Маҷмааӣ Тандурустии Истиклол” дар шӯъбаи Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ ҳамчун духтури эҳё фаъолият менамояд. Ҳангоми навбатдорӣ дар Маркази ёрии таъҷилии тиббии “Истиклол” бо бригадаи№1 аз даъвати бемор ба ёрии таъҷилӣ баргаштан, аз назди бозори Ҷал-Ҷам ҳолати ногувор диққати кормандони бригадаи №1- ро ба баромадани дуде ҷалб намуд, ки аз тарафи бозор намоён буд боз дошт. Дар вақти наздиктар шудан маълум гашт, ки дар назди бозор сухтор сар зада истодааст ва ҳамон замон ба хадамоти оташфишонӣ хабар додаанд. Ҳамин лаҳза гиряву фарёди модар диққати бригадаи ёрии таъҷилиро ба худ ҷалб намуд ва аз наздик пурсон шудан, ки чӣ ҳодиса шуд. Модар гуфт, ки фарзандам дар дохили ошёнаи сухта истода монда аст. Муродова Ф. С. ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда ба дохили ошёна ворид гашта, кӯдакро аз онҷо бароварда ёрии аввалини тиббӣ расонидаанд. Бо ин гуна рафтор хоҳиш дорад, ки ҳамаи шаҳрвандон аз ин гуна ҳолатҳо бетараф набуда, кӯмаки худро дареғ надоранд, чун ки ҳаёти инсон аз ҳама азизтар ва қимматар аст.
Ба Муродова Фируза Саидбековна барои иштироки фаъолона дар машқи тактикии Оташнишонӣ дар маркази тиҷоратии "Ҷал-ҷам" сипоснома сарфароз гардонида шуд.
Ҳаёти шахси дигар ҳамон лаҳза маъно дорад, ки ҳаёти худро зери хатар гузошта, ба шахси дигар ҳаёт мебахшад.
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

Наҷоти кӯдак аз сӯхтор.
Наҷоти кӯдак аз сӯхтор.
22.01.2020 166