МЕВАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ШИРИН АСТ

МЕВАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ШИРИН АСТ

Яке аз нишонаҳои давлати соҳибистиқлол ин доштани Артиши миллӣ ба ҳисоб меравад. Артиши миллӣ – рамзи озодии давлат, амнияти миллӣ ва сипари боэътимоди ҳар як кишвар аст. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-юми феврали соли 1993 Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсис ёфт. Ин меваи шаҳдбор ва сарҷамъкунандаи миллати тоҷик тавонист ба ҷониби қувваҳои даргир хотима гузорад ва истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро ҳифз намояд. Давлати тозаистиқлоли тоҷикон, ки солҳои 90- уми асри гузашта оѓуштаи хуни ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд бо таъсисёбии Артиши миллӣ аз нав эҳё гардид ва муҳофизони
Ватан дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати ҷавонро бо номи Тоҷикистон сабт намуданд. Хушбахтона бо баракати Артиши миллӣ имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 200 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносанд.

Дар фазои сулҳу суботи имрӯза тамоми мардуми сарбаланди кишвар 28- умин солгарди Артиши миллиро ҷашн гирифта истодаанд. Ба ин муносибат дар МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» санаи 19- уми феврали соли ҷорӣ чорабинии калони маърифатию сиёсӣ бо ташаббуси шуъбаи тарбия дар якҷоягӣ бо кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ доир гардид. Инчунин бахшида ба ин санаи муҳим дар таърихи зикргардида дар кафедраи тиббӣ ҳарбӣ машқҳои ҳарбӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни кафедра баргузор карда шуд. Чорабиниҳои дигар дар кафедраҳои донишгоҳ идома доранд.

Шуъбаи тарбия


22.02.2021 75