Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

     Зимни роҳбарии профессори кафедраи тибби оилавии №2, доктори илмҳои тиб Умарова Зарифа Қосимовна донишҷӯёни гуруҳи 32-и курси 5 факултети тиббӣ  оиди 7 сол дар амал будани Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» санаи 09.11.18 дар пойгоҳи кафедра, маркази саломатии шаҳрии  №12 маҳфили тарбиявию фарҳангӣ тайёр намуданд.
   
      «Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила  нақш мегузорад ва ҷараёни ташшакули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзанди худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд».  Эмомалӣ Раҳмон
 
      Профессори кафедра Зарифа Қосимовна дар сухани ифтитоҳии худ оид ба маъмулият ва тарбияи дурусти фарзандон дар ҷомеаи имрӯза, ки беаҳамияти волидон сабаби ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил шудани фарзандон метавонад кард ҳарф зада, аҳли толорро ба ибрози назари худ дар атрофии ҳамин мавзӯъ даъват намудан.   
Дар маҳфили бахшида ба Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» инчунин мудири кафедраи Тибби оилавии №2 Ёдгорова М.Ҷ., дотсентҳои кафедра н.и.т. Инъомзода Ҷ.И.,  Носирова М.П. баромад карда оид ба масъалаҳои мубрами тарбияи насли навраси ҷавон сухан ронданд. Агар волидон дар оилаи хуб тарбия гирифта бошанд ва саводи хуб дошта бошанд онҳо кӯшиш мекунанд, ки фарзанди худро низ боодобу ботамиз ба воя расонанд. Беҳуда нагуфтанд фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад  доғи падар. Фарзандоне, ки дар оила тарбияи хуб ёфтанд кӯшиш мекунанд то дигарон низ дар чунин роҳ ба воя расанд.
   
      Дар муҳокимаи мавзӯъ донишҷӯён Бозорова Моҳлиқо, Ғафуров Маҳмуд, Фирузи Маҳмадулло, Хоҷиев Меҳроҷ  суханронӣ карданд:
«Хоҳи, ки фарзандат рост гуяд, ту худ дурӯғ магуй ва фарзандатро ҳангоми кардани хатое ба иқоб сахт магир, чунки иқоби сахт фарзандро ба дурӯғгуӣ водор месозад»
«Барои фарзандат дусте бош, ки тавонад рози дилашро ба ту бигуяд ва он масофаро нигаҳ дор,  масофаи падарӣ ва писарӣ»
Дар чорабини донишҷӯёни  факултети тиббӣ курси 5-ум, гуруххои 32,33,34,35 ва 36 иштирок доштанд. 

 
 
Омӯзгорони кафедраи тибби оилавии №2



15.11.2018     222