Мардуми Бадахшон ба ҳарзагӯии фитнаҷӯён эътиборе намедиҳанд

Ба назар чунин мерасад, ки мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷи кишвар шабу рӯз мунтазири онанд, ки кай дар ин давлати орому рӯ ба тараққӣ аз нав нооромиҳо сар мезананду онҳо барои амалӣ сохтани кирдорҳои нопокашон дасту остин бармезананд. Вале хушбахтона ҳар дафъа ҳам тири онҳо хок мехӯрад.

Ин дафъа душманони миллат баъди сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ва вохӯрию мулоқотҳои он кас бо фаъолони ин минтақаи дурдаст як маъраки васеи таблиғотиро роҳандозӣ намуданд, ки мақсад аз он бар зидди Ҳукумат шӯронидани мардуми сарбаланди Бадахшон буд. Ҳол он ки сокинони минтақаи дурдасттарини кишвар омадани Пешвои муаззами худро кайҳо боз интизорӣ мекашиданд, зеро қонунвайронкунӣ ва амалҳои ғаразноки як тоифа сокинони камхиради минтақа кайҳо боз боиси ташвиши ҷиддии мардум гашта буд ва ҳама медонистанд, ки танҳо ҷасорат ва матиниродагии Пешвои миллат метавонад ба ин хараҷу мараҷҳо хотима гузорад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Президенти мамлакат вазъи ҷинояткориро дар вилоят ба таври шадид интиқод намуда, барои бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифа як қатор роҳбарони сохторҳои гуногуни вилоятро аз вазифа барканор кард. Сарвари давлат ҳайати нави роҳбариятро вазифадор намуд, ки дар давоми як моҳи оянда камбудиҳои мавҷударо бартараф сохта барои таъмини волоияти қонун дар қаламрави вилоят тамоми чораҳоро андешанд.

Иқдоми неки Президенти мамлакат аз тарафи тамоми мардуми вилоят дастгирии ҳаматарафа ёфт ва тӯли як моҳ аксари онҳое, ки дар даст ғайриқонунӣ силоҳ нигоҳ медоштанд, бо хоҳиши худ силоҳҳояшонро супориданд. Роҳбарият ва фаъолони вилоят бошанд, барои фаҳмонидани мақсаду мароми роҳбарияти олии кишвар дар самти таъмини волоияти қонун ва рушду инкишофи ояндаи иқтисодиёти ВМКБ тӯли як моҳ корҳои зиёдеро анҷом доданд. Рӯзи 16 октябр бошад, натиҷаҳои кори якмоҳа натиҷагирӣ гаштанд, ки ҳамагон аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Чуноне, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси мвилоят Ёдгор Файзов дар ҷаласа иброз дошт, барои халъи силоҳ ва хунсо кардани гуруҳҳои ҷиноятпеша дар шаҳри Хоруғ амалиёти ҳарбӣ сурат нахоҳад гирифт. Ин хулосаи ҷаласаи чорсоатаи мақомот дар Бадахшон буд, ки рӯзи 16-уми октябр бо ҳузури беш аз 200 намояндаи ҳукумату ниҳодҳои қудратӣ, вакилони маҳаллӣ ва халифаҳову фаъолон баргузор шуд.## ЭН ТАҚСИМ КАРДАН

Ёдгор Файзов, ҳамчунин афзуд, ки барои истифода аз нирӯи низомӣ дар минтақа зарурат нест, зеро силоҳҳои боқимонда ихтиёрӣ супурда мешаванд.

"Дар дасти сокинон яроқ нест, аммо дар дасти гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ аст. Корҳо хуб ҷараён дорад ва ҳоҷат ба истифодаи нерӯ нест. Имконият ва ақли солим ҳаст ва ягон ҷойи мушкил нест. Танҳо аз мардум дархост мешавад, ки фарзандони худро соҳибӣ кунанд ва нагузоранд, ки онҳо ба ягон гуруҳ шомил шаванд", - вазъиятро ба намояндагони ВАО шарҳ дод Ё.Файзов.

Бале, вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар Бадахшони кӯҳӣ тенҷу ором аст ва бо иқдоми ҳукумат он боз ҳам беҳтар гашта, барои зиндагии осоиштаи сокинони ин минтақаи дурдаст, ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии онҳо тадбирҳои бештаре роҳандозӣ мегарданд.

Албатта ҳамаи ин ба табъи мухолифони Ҳукумати кишвар созгор нест, вале хушбахтона барқасди ниятҳои ғаразноки онҳо мардум рӯз то рӯз дар атрофии Ҳукумати қонунии хеш зичтар муттаҳид мешаванд ва барои саҳм гузоштан дар ободкориҳои ин диёри биҳиштосо худро бештар масъул ҳис менамоянд. Мардуми сарбаланди Бадахшон бошанд ба ҳарзагӯию ҳангомаҳои дурӯғини душманони миллат ҳеҷ эътиборе намедиҳанд.

 

М.Мазиёев, сармуҳаррири нашрияи "Ворисони Сино"


17.10.2018     32