Маҳфили ҳунармандони донишҷӯдухтарони факултети педиатрӣ

Маҳфили ҳунармандони донишҷӯдухтарони  факултети педиатрӣ
Дар толори лексионии бинои нави кафедраи гистология бо донишҷӯдухтарони соҳибзавқ ва соҳибистеъдоди факултети педиатрӣ маҳфили ҳунармандон баргузор гардид. Як қатор духтарон Қосимова Аниса, Ғуломзода Ситора, Эшонова Рухшона, ҳунарҳои дастии худро пешниҳод намуданд. Ҳамзамон дар бораи доштани ҳунарҳои гуногуни духтарон, ки асоси мустаҳкамии оила мебошад, гуфтугузор шуд. Иштирок ба озмунҳои ҳунарии донишгоҳ ба нақша гирифта шуд.
Раиси Шӯрои бонувон оиди фарҳанги оиладорӣ, нозукиҳои барпо намудани оила, муқаддасӣ ва устувории оила, асолати зан дар тарбияи фарзанд, сабабҳо ва пешгирии пошхӯриҳои оилаҳои ҷавон суханронӣ намуд. Духтарони соҳибзавқ Саёҳати Зикриё, Ҷӯрабекова Насиба, Ғафорова Раъно, Мунавварова Алзира, Маснабшоева Фарзона, Шаимова Фароғат бо забонҳои тоҷикӣ, туркӣ, англисӣ суханронӣ намуда, шеър гуфтанд ва ҳамзамон ҳамагон як ҷаҳон таассурот ва ғизои маънавӣ гирифтанд.
Шӯрои бонувон

18.03.2020 157