Маҳфили илмӣ - амалӣ

Маҳфили илмӣ - амалӣ

 Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои таърихӣ - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархи якуми НБО “Роғун” дар кафедра маҳфили илмӣ- амалии донишҷӯён доир гардид. Кори маҳфил бо сухани ифтитоҳии мудири кафедра, профессор А.С. Саидов ҳусни оғоз ёфта, дар атрофи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллии тоҷикон маълумоти муфассал дода шуд. Дар навбати худ донишҷӯён дар мавзуъҳои гуногун бахшида ба ин санаҳои муҳимми таърихӣ баромад намуданд. Дар кори маҳфил меҳмон аз ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, омӯзгори кафедраи тибби шарқ Санг Унг Лӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик баҳои баланд доданд.

 

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


21.11.2018     46