Маҳфили эчодкорони факултети стоматологӣ

Маҳфили эчодкорони факултети стоматологӣ
13.12. соли 2019 дар вохӯрие, ки бо донишчӯдухтарони курси якуми факултети стоматологӣ гузаронида шуда буд, як гӯруҳ духтарони эҷодкор ба кайд гирифта шуданд. Аз тарафи раиси Шӯрои бонувон оиди касби пуршарафи духтурӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳаматарафа тараққӣ ёфтани духтур сӯхбат гузаронида шуд. Дар маҳфили эҷодкорон Ҷалолзода Дилноза шеъри эҷоднамудаи худ, «Шукри Истиқлоли кишвар» Муҳиддинзода Моҳинисо «Эй баланд ахтар Худоят умри ҷовидон дихад»-ро кироат намуданд. Сафиева Сафия, Мирова Нигора бо рассомӣ машғул буда, як қатор духтарон шеърҳо ба забони тоҷикӣ, англисӣ, русӣ, туркӣ хонданд. Маҳфил дар фазои эҷодӣ ва боваринок гузашт.
Шӯрои бонувон

14.12.2019 187