Маҳфили адабӣ- фарҳангии “Модар- сарчашмаи зиндагӣ”

Маҳфили адабӣ- фарҳангии “Модар- сарчашмаи зиндагӣ”
        3.03. соли 2020 дар толори хониши бинои 6 шаҳраки “Шифобахш ” бо донишҷӯдухтарони курси 6 факултети тиббӣ маҳфили адабӣ-фарҳангии  “Модар сарчашмаи зиндагӣ” ташкил ва баргузор гардид. Раиси шӯрои занон ва духтарони МД ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Ҳоҷиева Г.Б дар бораи гиромидошт ва қадршиносии зан-модар, модар хамчун  сарчашмаи зиндагӣ, мавқеи зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои кор ва фаъолияти занон ва духтарон суханронӣ намуда бо фарорасии баҳор ва иди модарону бонувон ҳамагонро табрик намуд. Сипас духтарони фаъол Буриева Меҳрона ва Воҳидова Шаҳноза аз гурӯҳи 22 курси 6 факултети тиббӣ дар бораи зан, модар шеърҳо қироат намуда, духтарон таманниётҳои худро нисбати модарон иброз намуданд.
            
Шӯрои бонувон.  

05.03.2020 375