Коррупсия ва ҳуқуқи инсон дар шароити ҷаҳонишавӣ

         Таҳқиқоти гузаронидаи СММ нишон дод, ки озодгардонии савдо ва ҷараёнҳои молиявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бо пастшавии музди меҳнат, афзудани бекорӣ, пайдоиши табъиз нисбат ба занон якҷоя ба амал омаданд. Ҷаҳонишавӣ савдои байналхалқии силоҳро осон гардонд, миқёси интиқоли партовҳои ифлоскунандаи муҳитро дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф зиёд кард. Вай ба гардиши байналхалқии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, аз ҷумла кӯдакон, рушди индустрияи шаҳватпарастӣ сабаб шуд. Ва ҳамаи ин оқибатҳои ногувори ҷаҳонишавӣ дар заминаи коррупсия ба амал меоянд. Ба коррупсия сатҳи пасти риояи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон чи дар мамлакати ҷудогона ва чи дар сатҳи байналхалқӣ мусоидат мекунад. Беҳуда нест, ки коррупсия аз ҳама бештар дар мамлакатҳои камбаѓал ривоҷ ёфтааст. Ин мамлакатҳо қудрат надоранд, ки ҳуқуқҳои иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳрвандони худро таъмин намоянд, дар онҳо институтҳои демократии ҳокимият ва унсурҳои давлати ҳуқуқбунёд, ки имконият медиҳанд, тавассути низомҳои интихоботӣ ва ҳисоботдиҳӣ идоракунии пурсамари давлат амалӣ гардад, ё вуҷуд надоранд ва ё рушд накардаанд. Аммо таъсири мамлакатҳои тараққикардаи индустриявӣ ба раванди коррупсия дар мамлакатҳои рӯ ба рушд низ метавонад басо пурзӯр бошад. Масалан, дар низомҳои иқтисодӣ ва молиявии мамолики мутараққии ҷаҳон чунин корхонаҳои байналхалқии пуртаъсир ва азим чун корпоратсияҳои трансмиллӣ мавқеи устувор доранд.

         Ширкатҳои трансмиллӣ, ки ҳамеша баҳри ба мамлакатҳои ҷаҳони сеюм гузаронидани истеҳсолоти худ ба сабаби мавҷудияти қувваи арзони корӣ дар ин кишварҳо ва ҳамчунин мавҷудияти имкониятҳои ба кор бурдани ҳилаву найранг бо мақомоти ҳокимияти ин давлатҳо бо мақсади рӯёндани даромадҳои бештаре мекӯшанд, низ метавонанд ба иқтисодиёти ин мамлакатҳо таҳдиди ҷиддӣ кунанд. Онҳо ҳаракат мекунанд, ки мамлакатҳои ҷаҳони сеюмро зери таъсири худ гиранд. Азбаски буҷети чунин ширкатҳо назар ба буҷети бисёр мамлакатҳои хурду вобаста якчанд маротиба зиёд аст, сиёсати маблаѓгузории онҳо баъзан барои равандҳои коррупсия омили ҳавасмандкунанда мегарданд. Бинобар ин дар шароити ҷаҳонишавӣ нақши ҳуқуқҳои инсон фавқулодда бузург аст. Маҳз ченакҳо дар ҳуқуқҳои инсон имконият медиҳанд, ки ба равандҳои ҷаҳонишавӣ моҳияш «инсондӯстона» бахшида шавад. Ба ин тариқ, ҳуқуқҳои инсон бо равандҳои барқарории давлатҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, пастшавии шиддати иҷтимоӣ ва миллӣ, паҳншавии ѓояҳои маънавият, тоқатпазирӣ таҳаммул ва ҳамрайъ, ба вуҷуд овардани амнияти ѓизоӣ ва муҳити зисти мусоид, ҳимоя дар давраҳои низоъҳои мусаллаҳона тааррузҳои ҷинояткорона ва ѓайра тавъаманд.

         Ба эътирофи арзишмандии ҳуқуқҳои инсон ҳамчунин равандҳои ҷаҳонишавӣ, «универсалишавӣ», ки аз қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10 декабри соли 1948) шурӯъ шудаанд, хос мебошанд. Ҳоло ҳуқуқҳои инсон яке аз соҳаҳои аз ҳама бештар рушдкардаи ҳуқуқҳои байналмилалӣ мебошад, ки дар худ чи ҷанбаҳои умумии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва чи низомномаҳои махсусгардонидаи марбут ба категорияҳои махсусан ба ҳимоя эҳтиёҷманди аҳолиро (занон, кӯдакон, гурезаҳо, ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд ва ѓайра) фаро мегирад. Тоҷикистон дар оѓози ҳазорсолаи сеюм дар роҳи муҳими гардиши куллии пешрафти таърихии худ қарор дошта, барпо кардани давлати ҳуқуқбунёдро, ки дар он ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон риоя мешаванд, мақсади волои хеш донистааст. Эътирофи моҳияти универсалии ҳуқуқи инсонро дар мисоли Тоҷикистон бараъло мушоҳида кардан мумкин аст. Мамлакати мо ба ҳамаи қарордодҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳамроҳ шуда, бо мақсади мутобиқсозии қонунгузории миллии худ бо санадҳои байналмилалии тасдиқкардааш онҳоро таҷдиди назар менамояд. Солҳои охир Тоҷикистон дар бисёр ҳаракатҳо ва амалиётҳои барномавии байналмилалӣ, ки як навъ кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳалли таҳдидҳои глобалӣ ба инсоният мебошанд, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, паҳншавии ВИЧ/СПИД, ҳифзи муҳити зист, ҳалли масъалаҳои муҳоҷират фаъолона иштирок менамояд.

 

Суҳайлӣ Расулзода- мудири шуъбаи иттилоот ва нашрияи

донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент



11.12.2018 124