Конститутсия - роҳнамои давлати соҳибистиқлол

       Конститутсия- (аз калимаи лотинии «constitutio» муқаррарот, сохтор). – сарқонуни давлат дар он зоҳир мегардад,ки вай сарчашмаи асосии ҳуқуқии дорои эътибори олӣ аст, ки дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ҷои баландтаринро ишғол менамояд. Ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, яъне ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ аст, ки дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷамъият, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими давлатӣ ва чамъиятӣ муқаррар мешавад. Қабули Конститутсия омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъиятро муайян менамояд, яъне шаклҳои моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати шахс бо давлат ва муҳимтарин ҳуқуқу вазифаҳои онҳо, таносуби қувваҳо гуруҳҳои иҷтимоии ҷамъиятро дар низоми сиёсӣ аниқ сохта таъйинот, вазифаҳо, таркиби дохилӣ ва сохтори мақомоти худидора дар маҳалҳо-ҳамоатҳо инъикос менамояд. Ҳар як конститутсия новобаста аз низоми иҷтимоии давлат вазифаҳои муассисӣ, ташкилкунандагӣ, сиёсати беруна, идеологӣ (ғоявӣ) ва ҳуқуқиро адо менамояд.

      Вазифаи муассисии Коститутсия дар он зоҳир мегардад, ки вай дар натиҷаи табаддулоти куллии ҳаёти ҷамъиятӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқию сиёсии инкишофи зинаи ояндаи ҷамъиятро муайян менамояд. Асосҳои муассисии Конститутсия чӣ дар низоми ҷамъиятию сиёсӣ дар якҷоягӣ ва чӣ дар падидаҳои мушаххаси давлатию ҳуқуқӣ зоҳир мешавад.

    Таърих гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имруз, 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилали ҷавобгу мебошад.    

    Дар таърихи навини тоҷикон мо аллакай шоҳиди ду маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия гаштем. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шуда меъёрҳои онро такмил дода, ба шароити онвақтаи рушди ҷомеа мувофиқ гардонида шуданд ва ҳар яке вазифаи таърихии худро дошта, аз иҷрои ин вазифа баромаданд. Ва инак, моҳи феврали соли 2016 ба Конститутсияи(Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори саввум тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

     Тағйирёбии босуръати вазъи ҷаҳони муосир, шиддати муноқишаҳои тезутунди сиёсӣ, бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ва афзун гардидани хатару таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои террористиву экстремистӣ дар бисёр кишварҳои олам тақозо менамоянд, ки ҳар як давлат бо мақсади ҳифз ва таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, манфиатҳои милливу давлатӣ, мустаҳкамиву ободии ояндаи Ватан, рушди устувору бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва муҳайё намудани шароити муносиб барои некуаҳволии шаҳрвандон тамоми сайъу кӯшиши худро равона созад.

     Тоҷикистон ҳам таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт сайъу талоши зиёд карда истодааст.

     Амалӣ намудани ин мақсадҳо тавассути қавӣ гардонидани заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷомеа, такмил додани қонунгузорӣ вобаста ба талаботи замони муосир имкон медиҳад, ки танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар заминаи сулҳу суботи ҷомеа таъмин карда шавад.

    Таҳия ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рӯйдоди муҳим ва мондагори таърихие буд, ҳаст ва хоҳад монд. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа, поягузори суботи кишвар, ваҳдату ягонагии давлату миллат бозгӯ намуд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шуд. Воқеан, дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд. Чунин низомро маҳз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат ва чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол.

     Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 24 – солагии Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.     

Ибодов С.Т., профессор, муовини ректор оид ба таълим


05.11.2018 141