Конференсияи шаҳрӣ таҳти унвони «Савганди Пешвои миллат - савганди мо ҷавонон»

Конференсияи шаҳрӣ таҳти унвони «Савганди Пешвои миллат - савганди мо ҷавонон»

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар толори Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони корхонаю идораҳо, олимони ҷавон, омӯзгорон, донишҷӯён, аъзоёни фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, хонандагон ва ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе Конфронс таҳти унвони “Савганди Пешвои миллат – савганди мо ҷавонон”доир гардид.

Дар қисмати расмии кори Конференсия Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Холмурод ва намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар қисматҳои дигари конфронс ҷавонони фаъол ва олимону муҳаққиқони ҷавон, роҳбарони сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон дар муассисаҳои олии таълимӣ вобаста ба мавзӯҳои “Бо Эмомалии Раҳмон дар марҳилаи нави рушд қадам мениҳем”, “Савганди Пешвои миллат – савганди мо ҷавонон”, “Садоқат ба Пешвои миллат садоқат ба миллат аст”, “Пешвои миллат рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон”, “Эмомалии Раҳмон ва 30-соли соҳибистиқлолӣ” ва “Вазифаи мо ҷавонон дар ҳошияи Савганди Пешвои миллат” баромад намуданд.

Бояд қайд намуд, ки Конференсия бо гирифтани расми хотиравӣ ва якдилона ҳамовозӣ намудани шиорҳои “Савганди Пешвои миллат-савганди мо ҷавонон!”, “Мо ҷавонон бо Пешвои миллат содиқем!” ва “Ҷавонони пайрави Пешвои миллат!” ҷамъбаст гардид.

Дар охири чорабинии мазкур ба як қатор ҷавонон барои иштироки фаъолона дар чорабинии сиёсии Интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома ва сипоснома супорида шуд, ки аз МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон Шарифов Қ.О. ва 20 нафар донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ, ки дар Конфронс иштирок доштанд, бо ифтихорномаву сипоснома сарфароз гардиданд. 

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон  -  Шарифов Қ. О.


4
3
2
1
17.11.2020 104