Конференсияи илмӣ – назариявии “Пешвои миллат – ҳомии зан, модар”

Конференсияи илмӣ – назариявии “Пешвои миллат – ҳомии зан, модар”

12.11. соли 2020 дар мактаби байналмилалии Президентӣ конференсияи илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ҳомии зан, модар” бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд.

Дар оғоз аз номи ХҲДТ намоянда Наимов Маҳмадулло ҳамагонро бо “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрик намуд. Депутатон Қурбонова Руқия Атоевна, Мусоева Рафиқа, Қурбонов Ш. аз АМИ ҶТ ва худи директори мактаби байналмилалӣ Убайдуллозода А. фикру ақидаҳои худро оиди рӯзҳои вазнини ҷумҳурӣ, паси сар намудани ҳамаи мушкилотҳо, лаҳзаҳои хотирмон дар ҷаласаи 16-ум, ки дар қасри Арбоб камол гузашта буд иброз намуданд.

      Дар ин чорабинӣ аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ординатори клиникӣ Ашуралиева Д. интернҳо Зиёӣ Фархунда ва Сайфиева Н. иштирок доштанд.

Шӯрои бонувон


17.11.2020 155