Конференсияи илмӣ амалӣ бахшида ба ифтитоҳи агрегати якуми НБО “Роғун”

Конференсияи илмӣ амалӣ бахшида ба ифтитоҳи агрегати якуми НБО “Роғун”

     Санаи 9 ноябри соли 2018 дар факултети Нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ бо иштироки донишҷӯёни факултет ва ҳайати омӯзгорону профессорон конференсияи илмӣ амалӣ бахшида ба ифтитоҳи агрегати якуми неругоҳи барқии обии “Роғун” баргузор шуд.

    Дар кори конференсия профессорон ва омӯзгорони кафедраиҳои беҳдошти муҳити зист, эпидемиология, беҳдошт ва экология, нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, деканати факултет, намояндаи шуъбаи таълим, шуъбаи фарҳанг ва тарбия, инчунин донишҷуёни курсҳои 2-5 иштирок варзиданд.

     Кори конференсияро мудири кафедра, д.и.т., профессор Дабуров Комил Низомович оғоз кард. Корманди шоистаи Тоҷикистон, омузгори кафедра Воҳидов Г.А. дар маърузаи худ дар бораи таърихи НБО “Роғун”, аҳамияти он барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ сухан ронд.

      Омӯзгори кафедраи эпидемиология Давронзода Икром дар мавзӯи “Аҳамияти иҷтимоию иқтисодии мухофизати саломатии чомеа бо роҳи беҳтар намудани бехатарии истифодабарии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва донишҷуёни курсҳои 4-уми фаултети НТҶ Раҳматов А. ва Муминов Ш. маърузаҳоро дар мавзуъҳои “Тоҷикистон ва даҳсолаи байналмиллалии “Об барои рушди устувор 2018-2028”” ва “Роғун фахри миллат” марӯза карданд.


     Дабуров К.Н. қайд кард, ки бо бунёди НБО-и “Роғун” Тоҷикистон истиқлолияти пурраи энергетикиро ба даст меорад, ки ин бо талошҳои сарвари давлат Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалӣ шуд. Роғун пуриқтидортарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Иқтидори тавлидотии он 13,5млрд квт-ро ташкил медиҳад.

   Дар охир муаллими калони кафедраи НТҶ Комилов И.Ш. танқид кард ки донишҷӯён ба қадри ин неъмат ва дастгириҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасанд ва баҳри ободонии кишвар ҷаҳд кунанд.

 

Кафедраи беҳдошти муҳити зист


17.11.2018     39