Конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба 400-солагии Сайидои Насафӣ таҳти унвони «Сайидои Насафӣ – вассофи касбу ҳунар»

Конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба 400-солагии Сайидои Насафӣ таҳти унвони «Сайидои Насафӣ – вассофи касбу ҳунар»

      Шинохту бузургдошти ниёгони мо ва ифтихор аз онҳо вазифаи ҳар фарди бофарҳанги миллат аст. Аз ин рӯ, иқдоми роҳбарияти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар мавриди рӯй овардан ба гузаштаи пурифтихори фарҳангу шахсони таърихии миллат дар густариши тамаддуни башарӣ шоистаи таҳсин аст.

      Яке аз чунин абармардони миллати тоҷик, ки имрӯз боиси ифтихори ҳазорон  тоҷику тоҷикистонӣ гаштааст, Сайидои Насафӣ мебошад, ки бо Қарори ЮНЕСКО  соли 2018 дар қатори дигар бузургон 400-солагии шоири барӯманди тоҷик мавриди таҷлил қарор гирифтааст.

      Нисбати қарорҳои Ҳукумати кишвар ва ЮНЕСКО ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, бахусус кафедраи забони тоҷикии он бетараф набуда, барои ифтихор аз чунин нобиѓаи миллат ва таҷлили ҷашни мелоди ӯ санаи 20.12.2018 дар кафедра конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Сайидои Насафӣ – вассофи касбу ҳунар» баргузор гардид.

       Конфронси зерин аз ҷониби муаллимаи кафедраи забони тоҷикӣ Саидова Б.М. ифтитоҳ гардида, меҳмонони ҷамъомадро якояк ба донишҷӯён муаррифӣ намуд:

1.     Бегиҷонов Н.Қ. – мутасаддии шуъбаи тарбия ва фарҳанги ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

2.     Абдураҳмонов Зеваршо, Ҳамроқулова Ҷонона – устодони кафедраи ҷомеашиносӣ.

3.     Расулов С. М.- н.и.ф., дотсент.

       Баъди оғоз намудани конфронс ва муаррифии меҳмонон сухан ба мудири кафедраи забони тоҷикӣ д.и.ф., профессор Қосимов О.Ҳ . дода шуд.

       Мудири кафедра Қосимов О.Ҳ. перомуни ҷашни мелоди Сайидо дар саросари кишвар  ибрози назар намуд.

       Баъд аз суханронии мудири кафедра донишҷӯи курси 1, гурӯҳи 1-уми  факултаи стоматологӣ Сафаров Ашӯр дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти Сайидо суханронӣ намуд.

      Дар қисми минбаъдаи конфронс устодони кафедра Зуҳуров Н.Б. дар мавзӯи «Корбурди ҳушмандонаи як талмеҳ дар шеъри Сайидо», Суфиева Г. А. «Андешаҳои пандуахлоқӣ дар шеъри Сайидо» ва Калонова М.Ҷ. «Исмҳои фоил дар назми Сайидо» маърӯзаҳо  намуданд.  

       Масалан, Калонова М.Ҷ. дар маърӯзаи худ зикр намуд, ки Сайидо чун вассофи ҳунару меҳнат ба падидаву мафҳумҳои соҳаи касбу ҳунар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар интихобу корбурди вожаҳои марбут ба касбу ҳунар ва шуғлу меҳнат нуктасансанҷӣ зоҳир намуда, аз имконоти забони тоҷикӣ дар ин маврид хуб истифода намудааст. Дар ашъори ӯ исмҳои фоил ҳамчун гурӯҳи вижаи калимоти соҳавӣ мавқеи хоссаеро соҳибанд. Дар ин маврид Сайидои Насафӣ роҳҳои гуногуни тавлиду эҷоди ин гурӯҳи вожаҳоро ҷустуҷӯву пайдо намуда, заминаҳои афзоиши таркиби луғавии забони тоҷикӣ, захираҳои рушди воҳидҳои лексикиро хеле рангину гуногун нишон додааст.

        Пас аз маърӯзаи устодони кафедра донишҷӯёни курси якуми факултаҳои НТҶ, стоматологӣ ва тиббӣ Солеҳзода Шаҳноза, Маҳмадуллозода Зиёдулло  (гурӯҳи 2 НТҶ), Бобобегова Матлюба, Шарифзода Меҳроб (гурӯҳи 1НТҶ), Аловиддинова Самира(гурӯҳи 1стом.), Раҳматуллозода Анвар, Ҳайдарзода Умар (гурӯҳи 2 стом.) аз эҷодиёди шоир шеърҳо қироат карданд. 

          Нисбати ин ҷашни фархунда ва ин иқдоми бузург донишҷӯёни хориҷии кафедраи забони тоҷикӣ низ бетараф набуда, кӯшиш ба харҷ доданд, ки бо забони ноби тоҷикӣ аз эҷодиёди Сайидо порчаҳои назмиро ифоданок ва бо оҳанг суроянд, масалан Муҳаммад Дониш гр.6 хор., Гифти (гурӯҳи 11 хор)., Комал Ҷем (гурӯҳи 5 хор.) ва Ҷитендра Парик(гурӯҳи 1 хор.),-ро дар ин радиф ном бурдан ба маврид аст. 

         Барои болидахотирии аҳли нишаст донишҷӯёни хориҷӣ Шубҳанги (гурӯҳӣ 5 хор.) ва Дипеш Сони(гурӯҳи 1 хор.) дар мусиқии ҳиндӣ рақси ҷолибе иҷро намуданд, ҳамчунин донишҷӯи курси 1, гурӯҳи 1 НТҶ Исматова Т. ва донишҷӯи хориҷӣ Ҷитендра Парик суруди ҳиндӣ сароиданд.

          Дар фарҷоми конфронс мудири кафедраи забони тоҷикӣ д.и.ф. профессор Қосимов О. Ҳ. донишҷӯёнро бо китобҳое тозанашре, ки  вобаста ба ҷашни Сайидо  нашр шудаанд, шинос намуд. 

 

 Саидова Б. М., масъули бахши тарбияи кафедраи забони тоҷикӣ 


22.12.2018 225